БАХШИДА БА НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛЛАЛӢ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ АЪЗОЁНИ ТҶҶ “СОЗАНДАГОНИ ВАТАН” ТАШКИЛ КАРДА ШУД

Ҷайҳун: Созандагони ватан  

Варзиш яке аз омилҳои дӯстӣ ва солимӣ миёни аҳолӣ, хосса насли наврас хизмат мерасонад. Имрӯзҳо рушди соҳаи варзиш дар ҳама самтҳо рушд намуда, дар сатҳи маҳал садҳо адад майдону толорҳои варзишӣ барои наврасону ҷавонон ба истифода дода мешавад. Дар доираи иқдоми варзишпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  доимо дар арафаи ҷашну маросимҳои давлатию касбӣ бо мақсади рушди варзиш ва оммавӣ намудани он мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ роҳандозӣ карда мешавад.

         Бо ташаббуси масъулин ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ҷайҳун, ТҶҶ "Созандагони Ватан" ба ифтихори сазовор таҷлил намудани Наврузи байналмиллалӣ, миёни хонандагони синфҳои болои ва литсеву колеҷҳои қаламрави ноҳия мусобиқаи волейбол барои дарёти Ҷоми ҲХДТ баргузор гардида истодааст.