НАФАҚАИ ҲИЗБӢ ТАЪМИН ГАРДИД

Ҷайҳун: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дирӯз бо мақсади амали намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ғамхорӣ намудан нисбат ба маъюбон, ниёзмандон ва қишри осебпазири аҳолӣ, дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ ба 1 - нафар маъюб, истиқоматкунандаи деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти  Панҷ, Алиев Ҳамидҷон аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун нафақаи ҳизбӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ супорида шуд.

Зимни расонидани кӯмаки молиявӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Зайдулоев Муҳаммадҷон иброз дошт, ки маъюбону барҷомондагон ҳамеша таҳти ғамхориҳои роҳбарияти давлату ҳукумат, хусусан Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ҳамаҷониба дасгирӣ меёбанд.

Метавон зикр намуд, ки Алиев Ҳамидҷон аз моҳи январи соли 2023 ба рӯйхати гирандагони нафақаи ҳизбии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ворид гардида, минбаъд ҳар моҳ бо нафақаи ҳизбӣ бо ҳаҷми 500 сомонӣ таъмин карда мешавад.