КУРТАИ ЧАКАН ЗЕБАНДАИ ЗАНИ ТОҶИК АСТ!

Балҷувон:  

Куртаи чакан. Ин куртаест, ки таърихи ҳазорсола дорад. Бештар куртаи халқии духтарони тоҷик буда, яке аз намунаҳои беҳтарин аст ва он метавонад номи «Попурӣ»-ро низ гирад. Ин намуди либосро духтарон дар ҷашну идҳои миллӣ бахсус ҷащни Наврўз ба бар мекунанд.

Чакан зеби ҳар бонуи тоҷик буда, дар тамоми хонаводаи минтақаи ҷанубу шимол пироҳани чакан ва чодару рўймоли чаканро дидан мумкин аст.

Бо эътирофу эҳтироми ҷомеаи ҷаҳонӣ ба тамаддуну фарҳанги бойи халқи тоҷик 29-уми ноябри соли 2018 дар нишасти 13-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Порт-Луи похтайти Ҷумҳурии Маврикий қарор оиди “Чакан” ҳамчун мероси ғайримоддии фарҳангӣ ба феҳристи ЮНЕСКО қабул гардид.

Нигораҳои Чакан  яке аз сарватҳои бебаҳои зеҳнии мардуми тоҷик мебошад, ки дар миёни мардуми мо вуҷуд дошт, вале афзудану пурбор кардан ва ба арсаи байналмилалӣ баровардани он, ба шарофати табъу завқи баланд, оянданигарии бохирад ва меҳанпарастии беҳамтои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифтааст.