ОБОД ДИЁР МАРОМИ ҲАМЕШАГИИ МОСТ.

Балҷувон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри тозаву озода нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ ва сарсабзу хуррамгардонии ноҳия  аъзо фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон пайваста тадбирҳои нек андешида баҳри ободии диёр ҳамаҷониба талош меварзанд..

Ин аст ки баргузории рӯзҳои шанбегӣ дар тамоми муассисаву ташкилотҳо ва гирду атрофи биноҳои кории масъулин гузаронида шуда, ҳар як корманд аз худ масъулияти балнд нишон дода саҳми хешро дар ободии диёр гузошта истодааст. .

Масъулини маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳия низ  бо дарки баланди  масъулият шаҳрванди ҳашари дастаҷамъона гузаронида барои зебову назарабо гардидани назди бинои корӣ дарахтони ҳамешасабзи ороиши мешинонанд.