БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ГУНОГУНИ ВАРЗИШӢ ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН.

Балҷувон:  

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи оламафрӯз дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Балҷувон, бозиҳои гуногуни варзишӣ аз тарафи Раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ гузаронида шуда истодааст.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Хироб”-и  МТМУ  №11 ҷамоати деҳоти Балҷувон бозии даставии намуди волейбол миёни таълимгирандагони муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории чунин чорабиниҳо дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни Наврузи байналмилалӣ ва баргузор кардани расму оин ва анъанаҳои Наврузӣ мебошад.