ҶАШНИ НАВРӮЗ ОМИЛИ МУҲИМИ ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мардуми тоҷик ва берун аз он ҳам ҷашни Наврӯзро бо як шукуҳу шаҳомати тоза ҷашн мегиранд.

Наврӯз таърихи бештар аз шашҳазосоларо дорад расму суннатҳои наврӯзӣ ҳануз пеш аз дини ислом аз давраи зардуштиён барои ояндаҳо ёдгор мондааст.

То таърих ҳаст Наврӯз бо мост.

Мо бо наврӯзем! Бо Наврӯз зинда хоҳем монд!

Ба навбати аввал, табиат пуштибони Наврӯз аст ва рӯзи нави мо оғози фасли зиндагӣ ва рӯйиши дубора аст. Пас аз сармою сардиҳои зимистон меҳри гарму дилосои баҳор моро ба оғӯш мегирад ва ин оғӯши гарм ҳар сол бо номи Наврӯз ба мо дуруд мефиристад.

Наврӯз оғози таърихи башар аст. То замоне, ки мо ҳастем, Наврӯз бо ободии мо, бо дину оини мо, бо ҳастии мо созгорӣ дорад ва мо онро бузург мешуморем, бо ҳама зебоӣ ҳашаматаш ба ояндагон месупорем.

Таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Омӯзгор" бо иштироки муовини раиси шаҳри Кӯлоб Даминзода Арафамоҳ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Гадоев Салим, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ Одиназода Латофат