СОЛИМИИ МИЛЛАТ АЗ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ ВОБАСТА АСТ.

Ёвон: Андеша  

Амнияти хӯрокворӣ ва ё амнияти озуқаворӣ — ягона вожаҳоест, ки ҳадафи ягона ва сиёсати аграриву иқтисодии давлат, ҳолати иҷтимоие, ки дар ҳар лаҳзаи он тамоми қишрҳои ҷомеа имконияти воқеӣ ва иқтисодии дастрас намудани хӯроквории безарарро барои таъмини зиндагии солим доро мебошад.

Амнияти хӯрокворӣ ҳамчун қобилияти кафолат додани давлат дар бобати қонеъ намудани талабот ба хӯрокворӣ дар сатҳе, ки фаъолияти мӯътадили ҳаётгузаронии аҳолиро таъмин менамояд, дониста мешавад. Дар мавриди таъмин намудани талаботи физиологии организми инсон бо моддаҳои ғизоӣ ва энергияҳо, дар як маврид вазифаҳои пешгирикунанда ва табобатӣ иҷро карда мешаванд. Мояи ғамхорӣ бояд ташкили ғизои солим барои тамоми табақаҳои аҳолӣ бошад, зеро ки солимии аҳолӣ бойгарии давлат мебошад ва ҳифзи амнияти хӯрокворӣ вазифаи ҳамаи мақомоти назоратӣ ба шумор меравад. Дар барномаҳои давлатӣ стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатии мардум дар мадди аввали назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, мақсади асосӣ баланд бардоштани истеҳсолот ва сифати маҳсулоти хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад.

Рушди соҳаи кишоварзӣ барои таъмини босубот ва мутаносиби аҳолӣ бо хӯрокворӣ ба тавассути афзоиши мунтазам ва устувори истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани сатҳи даромад ва таъмини шуғли аҳолӣ, инчунин ҳифзи захираҳои табиӣ, ки барои тавсияи такрористеҳсолкунӣ зарур мебошад, мусоидат менамояд. Бо мақсади таъмини амнияти хӯрокворӣ ва ғизо дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва руёнидани то се ҳосил дар як солро мардуми ноҳия ҳаматарафа дастгирӣ намуда, заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода намуданд.

Хайру саховат ва меҳрубонӣ ба ятимону дармондагон ва оилаҳои ниёзманд, ки чашми умед сӯйи мову шумо дӯхтаанд, қарзи инсонии ҳар як нафари тандуруст, солимфирку сохибандеша ва тавоно аст. Дар арафаи  иду ҷашнҳо зери сиёсати ичтимоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  расонидани кӯмак ба ҳукми анъана даромадааст ва соҳибкорону шахсони хайрхоҳ аз рӯи имкон кӯмакҳои моддии яквақтаина аз қабили орду равған, картошкаву пиёз, макарону биринҷ, гӯшту тухм ва дигар маҳсулотҳои ниёзи аввалияро ба ниёзмандон мерасонанд. 

Раҳмонзода Муҳаммад-мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон