Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тоҷикистон Ватани Наврӯз ”

Вахш: Созандагони ватан  

Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд. Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабу рӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи киштукори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад.

Тибқи нақша-чорабиниҳои ТҶҶ “Созандагони Ватан” –и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст” дар роҳравҳои маркази  ноҳияи Вахш  бо иштироки  намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” гузаронида шуд.

Масъулин ба сокинони ноҳия буклетҳо бо навиштаҷоти «Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст”  -ро  тақсим намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани  чунин Аксия, пос доштани анъанаҳои миллӣ мебошад.