Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз устуворона пешрафт кардани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат башорат дода, ҳамзамон зимни баррасии масоили амниятӣ ва сиёсати хориҷии давлат таъқидҳои судман баён карда шуд.
Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масоили баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, амалигардии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии онҳо иқдому ибтикор ва масири манфиатбахши Сарвари хирадсолори мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки бо иродаи сиёсии устувори хеш дар ҷомеае, ки арзишҳои маънавӣ ва урфу оини мардум қавист, ҷиҳати таҳияи қабул ва амали гардонии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти беҳдошт ва ба вазифаҳои масъули роҳбарикунанда пешбарӣ намудани занону духтарони лаёқатманд мусоидат менамоянд.
Занону духтарон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақши фаъол дошта дар аксари соҳаҳо ба хусус дар бахшҳои иҷтимоӣ бештар кору фаъолият менамоянд.
Зимнан зикр кардан ба маврид аст, ки дар замони соҳибистиқлолӣ як қатор стратегияву барномаҳои давлатӣ дар ин самт амалӣ гардида барои фаъолияти занон имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд ва минбаъд низ мақоми занро дар ҷомеа баланд бардошта мавқеи онҳоро дар татбиқи сиёсати иҷтимоии давлат дастгирӣ менамоянд.
Иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ вазифаи ҳар сокини кишвар буда моро ба ҷомеаи тараққӣ ҳидоят менамояд.
Сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ: Хоҷаев Р.