НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ БА ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗИ МО ДАР МЕЗАНАД

Кӯлоб: Андеша  

Боиси ифтихор ва сарбаландӣ аст, ки бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мардуми тоҷик ва берун аз он ҳам ҷашни Наврӯзро бо як шукуҳу шаҳомати тоза ҷашн мегиранд.

Наврӯз таърихи бештар аз шашҳазосоларо дорад расму суннатҳои наврӯзӣ ҳануз пеш аз дини ислом аз давраи зардуштиён барои ояндаҳо ёдгор мондааст.

То таърих ҳаст Наврӯз бо мост.

Мо бо наврӯзем! Бо Наврӯз зинда хоҳем монд!

Ба навбати аввал, табиат пуштибони Наврӯз аст ва рӯзи нави мо оғози фасли зиндагӣ ва рӯйиши дубора аст. Пас аз сармою сардиҳои зимистон меҳри гарму дилосои баҳор моро ба оғӯш мегирад ва ин оғӯши гарм ҳар сол бо номи Наврӯз ба мо дуруд мефиристад.

Наврӯз оғози таърихи башар аст. То замоне, ки мо ҳастем, Наврӯз бо ободии мо, бо дину оини мо, бо ҳастии мо созгорӣ дорад ва мо онро бузург мешуморем, бо ҳама зебоӣ ҳашаматаш ба ояндагон месупорем.

Наврӯз, Сари сол, оғози бурҷи Ҳамал(Барра), аввали Фарвардин…– барои мо соли нав аст!

Наврӯзи аҷам воқеан миллӣ ва аҷдодӣ, ба хонадони ҳар яки Шумо муборак бошад. Шукр, ки Худованд ману Шуморо ба Наврӯзи нав расонид ва умед дорам, ки боз ба Наврӯзи дигар расонад. Дар хонадонатон саломатӣ ба аҳли оилаатон ва наздиконатон тансиҳативу хушбахти мехоҳам.

Малоҳат Қурбонова-мутахассиси шуъбаи

ташкили ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб