Калимаи «Наврӯз» маънои «Рӯзи нав» дорад. Ин иди баҳор, якум рӯзи соли нав, рӯзи баробари Баҳор, рӯзҳои асосии ид аз 21 то 22-юми март мебошад. Дар ҳар макону минтақаҳо ин идро одамон бо расму русуми гуногун ҷашн мегиранд. Ҳоло дар Точикистон асосан Наврӯз аз 21 то 24-уми март ҷашн гирифта мешавад.
Таҷлили Наврӯз дар сар то сари кишвар ҳамоно идома дорад. Шояд ин ягона ҷашнворае бошад, ки аз таҷлили такрор ба такрор касе хаста намешавад. Ин ҷашни баҳору сарсабзӣ, ҷашни ободиву озодагӣ, ҷашнест, ки ниёгонамон ба мо мерос гузоштаанд ва бо гузашти садсолаҳо он ҳамоно ҷавон мондааст. Ва таърихаш низ ба такрор хонданиву шуниданист.
Дар замони соҳибистиқлолӣ дар ҳар як кӯчаву маҳалла ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки бошандагон гузаронида мешавад.
Наврӯз, соли нав, сари сол, қадимтарин ҷашни мардумии эронитаборон, аз ҷумла тоҷикон (баъдан дар байни мардумони ғайриэронӣ низ расм шудааст), ки ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ – 1-уми фарвардин (аввали ҳамал) ё 20-21 марти солшумории милодӣ рост меояд. Наврӯзро дар баъзе ноҳияҳо «Иди сари сол», «Иди соли нав» ва дар байни мардуми Бадахшон «Хидир аём» меноманд. Наврӯз ҷашни бузурги бедории табиат ва баробаршавии шабу рӯз мебошад, ки ҳазорсолаҳо боз ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғози хилқати инсону табиат дар байни мардумони Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, Шарқи Наздик ва Қавқоз таҷлил мешавад. Наврӯз дар байни тамоми идҳои мардумони ҷаҳон ҳамагонитарини ҷашнҳост. Наврӯз ҷашнест, ки бар пояи эътиқодҳову боварҳо ва ҷаҳонбинии фалсафии мардумони эронитабор бунёд ёфтааст. Наврӯз таърихи хеле қадимӣ дорад. Аксарияти манобеи бостонӣ пайдоиши онро бо фаъолияти шоҳи чаҳоруми пешдодӣ Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз достонҳои оғози «Шоҳнома» оварда аст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони подшоҳии хеш бо ёрии фарри каёнӣ ва мувофиқ ба шукӯҳи подшоҳии хеш аз зару сим тахте бисохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта аз замин ба осмон боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда медурахшид. Мардум ин манзараро дида дар шигифт шуданд ва он рӯзро «рӯзи нав» хонданд.
Аз китобҳои таърихӣ, яъне «Наврӯзнома»-и Умари Хайём, «Осор-ул-боқия», «Ал-тафҳим»-и Абурайҳони Берунӣ ва дигар асарҳо маълум мешавад, ки Наврӯз дар даврони қадим ба шаклҳои гуногун қайд карда мешудааст. Рӯзҳои ҷашнгирии ид низ фарқ доштааст.
Баргузории ҷашни Наврӯз дар замони Сосониён чанд рӯз (на кам аз шаш рӯз) тӯл мекашид. Ва ба ду давра тақсим мешуд. Наврӯзи кӯчак ё Наврӯзи омма, ки панҷ рӯз буд ва аз якӯм то панҷӯми моҳи фарвардин гиромӣ дошт мешуд ва рӯзи шашуми Фарвардин (Хурдодрӯз), ҷашни Наврӯзи бузург ё Наврӯзи хосса барпо мегашт.
Дар ҳақиқат, мо ифтихор дорем, ки Тоҷикистон, барҳақ, ватани Наврўз, аст. Таҷлили ҷашнҳои сиёсӣ фаъолияти ташаббускорию созандагӣ мардумро тезониданд ва дар ин шароити бунёдкорӣ ҷашн гирифтани иди дўстӣ, ҷавонӣ, зебогӣ, бедоршавии табиат ва ҷамъият Наврўз аҳамияти таърихию умумиҷаҳонӣ, таълимию тарбиявӣ ва илмӣ дорад. Иди қадимаи халқи тоҷик Наврўзи фархундапай бо паёмҳои нек ва қадамҳои хуҷаста фаро мерасад ва мо мардуми Тоҷикистон онро бо тамоми аҳли оилаи худ таҷлил хоҳем кард.
Ишмуродов Ҳакимҷон, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон