Наврӯз яке аз ҷашнҳои муътабартарини ориёиҳои аҳди бостон аст, ки сарчашма ва манобеи таърихӣ ба он гувоҳанд. Андешаи маъмул доир ба асли пайдоиши ҷашни Наврӯз ба ривояте, ки дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ маҳфуз аст, ба номи Ҷамшед ҳамбастагӣ дорад.
Наврӯз ҷашнест, ки ҳимоятгари нишони ҷовидонаи тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, забон, расму оин, фарҳангу таърих ва ватандориву ватандӯстии ин миллати куҳан мебошад.
Аз ҷониби Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (қатъномаи 23-юми феврали соли 2010) ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки ҳанӯз дар замонҳои қадимтарин ниёгони мо ба тараннуми ахлоқ ва одоби ҳамидаи инсонӣ машғул буда, тавассути ин ҷашн низ паёми ваҳдату муҳаббат, покию саодат, зебоию нафосат ва ватандӯстию ватанпарвариро ба мардум мерасонданд.
Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: «Ҷашни Наврӯз барои миллати фарҳангдӯсту тамаддунсоз ва хуршедпарвари мо дар ҳама давру замон муқаддас буд. Аҷдодони мо ҳатто дар давраҳои мушкилтарини таърихӣ, ки аҷнабиён Наврӯзи Аҷамро мамнӯъ эълон карда буданд, онро чун иди зиндагисоз ва ҷавобгӯи орзуву ормонҳои деринаашон ба ҳар роҳу восита ҳифз менамуданд ва гиромӣ медоштанд».
Бале, Наврӯз қадимтарин ҷашни ниёгони мо буда, дар замоне қайд карда мешавад, ки, хунукии фасли зимистон анҷом ёфта хуршедитобон оламоро бо нури худ табиати дилрабои кишвари маҳбуби моро боз ҳам дилработар мекунад.
Хушбахтона, пас аз истиқлолият дар мамлакати мо Наврӯз бо тамоми ҳашамат ҷашн гирифта мешавад ва мояи ифтихор аст, ки Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид бо ибтикори Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро ҷашни байналмилалӣ эълон намуд.
Дилшод Шодиев, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон