Маҳбубтарин ҷашни миллии мо- тоҷикон ин Наврӯз аст, ки дар таърихи фарҳанги мардум ҳеҷ анъана ва расму ойине баробари он шукуҳу шаҳомати хосса надорад. Наврӯз як бахши фарҳангии ниҳоят қадимаи тоҷикон мебошад. Ин ҷашн бузургтарин анъанаи миллӣ буда, аз гузашта то рӯзгори мо бо як силсила маросим суннатӣ бо шукуҳу ҳашамат ва зебоиҳову дилрабоиҳои баҳорона баргузор мегардад. Ин ҷашн, ҷашни зиндашавии табиат, фарорасии баҳори нозанин, оғози корҳои кишоварзӣ ва баробаршавии шабу рӯз аст. Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии Созмони Миллали Муттаҳид, ки унвони “Фарҳангӣ ҷаҳон”-ро дорад, қарорномаи “Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз” қабул гардид, ки он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Авғонистон, Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон сурат гирифт. Имрӯз барои мо тоҷикон ва кулли кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни зебои табиат аз тарафи Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмиллалӣ эълон шуд. Ин дастоварди арзишманд натиҷаи азму талоши муштарак ва пайгириҳои чандинсолаи Тоҷикистон ва чандин давлатҳои дӯсту бародар мебошад. Ин аст, ки ҳоло ҷуғрофияи таҷлили Наврӯз аз ғарби сарзамини Чин оғоз шуда, то Осиёи Марказӣ, Нимқораи Ҳинд, Қавқозу Русия, Аврупои Шарқӣ, Туркия, кишварҳои Араб ва Африқои Шимолӣ доман густурдааст. Яъне Наврӯз Ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст.
Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба “Рӯзи байналмиллалии Наврӯз” омадааст, ки давлатҳои аъзои ин созмони муътабар бояд сатҳи огоҳияшонро дар бораи Наврӯз баланд бардошта, инчунин, ба мақсади интишор ва тарғиби донишҳои марбут ба таърих ва суннатҳои наврӯзи ҳамасола чорабиниҳо баргузор намоянд.
Ҳамчунин, зикр шудааст, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Роҷеъ ба таърихи пайдоиши Наврӯз ақидаҳои олимони гузаштаю имрӯза хеле зиёд аст ва дар яке аз идҳои пурнуфузи миллии тоҷикон будани он ҳеҷҷойи баҳсу шуъбае нест.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз имрӯзҳо натанҳо муждаи зиндашавии табиатро мерасонад, балки дар фазои сулҳу ваҳдатӣ миллӣ бо ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як гӯшаю канори мамлакат ободкорию созандагиҳо ва навгониҳои беназирро ҳадя меорад. Ташаббусҳои Пешвои миллат сабаб гардиданд, ки дар арсаи юайналмиллалӣ ҷашнҳои миллии мо мақоми хосса пайдо карданд. Ин иқдому корнамоиҳои Пешвои миллат омили асосии болоравии худшиносии миллати тоҷик ва муаррифии фарҳанги гузаштаю имрӯзаи халқи мо миёни халқу миллатҳои мухталифи олам аст.
Бояд ин нуқтаро ёдовар шуд, ки ҷашни Наврӯз марбути ягон дину мазҳаб нест. Он реша дар таърихи фарҳанги қадимаи ориёиҳо (тоҷику форс) дорад. Аз рӯйи таҳлили луғатҳо бармеояд, ки пайдоиши Наврӯз офариниши инсон ва ифтитоҳи дари кайҳон низ воюастагӣ дорад. Имрӯзҳо наврӯз ҳамчун иди хуррамию эҳёи табиат, шукуфоию ободонӣ таҷлил мегардад. Вожаи тоҷикии Наврӯз, ки аз ҷузъҳои нав ва рӯз аст, ба маънои рӯзи нав истифода мешавад ва дар луғатномаҳо чунин тавсиф ёфтааст Наврӯз - рӯзи нав, рӯзи тоза. Ҷашни фархундапай ва оламафрӯзи Наврӯз аз қадим то имрӯз дар дилу дидаҳои мардум ҷо гирифтааст. Ин мероси гаронмояи ниёгони мо, ки се ҳазор қабл аз зуҳури оини зардуштӣ дар байни мардумони ориёӣ пайдо шуда буд, дар масири таърихи тӯлонӣ бо рангу накҳат ва таровату нигориши дилчасп ҳар сол дар айёми баҳорон таҷлил мегардад. Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, ки пайомовари фасли баҳор, навшавии сол, омадани фасли гармо ба шумор меравад.
Роҷеъ ба Наврӯзи хуҷастапай дар сарчашмаҳои таърихӣ ривоятҳои хеле зиёданд. Дар мисоли зерин “Ҳар касе, ки субҳи ин рӯз сухани нек гуяд, шакар бичашад ва бо равғани зайтун тани хешро чарб бикунад, яъне тамоми сол аз кулли балоҳо эмин хоҳад монд”. Баъдан мардум аз нав ба ҳолати эътидол мерасанд, файзу баракат ва фаровонӣ бар онҳо бар мегардад аз руҳафтодагию бадбахтӣ раҳоӣ меёфтанд. Дар чунин рӯзи фархунда Офтоб намудор мегардад ва нур аз ӯ дурахшон мешавад. Наврӯзро мардум рӯзи нав меноманд ва бо хушнуди дар даштҳо ҷав ё ки гандум месабзониданд, ки ин анъана то имрӯз дар байни мардум пойдор аст, ки дар арафаи Наврӯз занон бо нияти нек гандум месабзониданд ва аз шираи он Суманак тайёр менамуданд.
Дар умум, метавон гуфт, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни ниёгон мауррифгари таъриху фарҳанги тоҷикон дониста мешавад.
Тағайзода Рустам – муовини раис – мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор