Яке аз проблемаҳои ҷаҳони имрӯза ин терроризм ва экстремизм ба ҳисоб меравад. Тамоми давлатҳои дунё кӯшиш мекунанд, ки роҳи нави мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуби ҷомеаро ҳарчи зудтар пайдо намуда, онро аз решааш хушк намоянд. Ин ҷараёни хатарзо метавонад ба несту нобуд кардани халқиятҳо, миллатҳо ва давлатҳо оварда расонад. Аз таҳдиди ин зуҳуроти номатлуб тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ дар канор буда наметавонад.
Нахустин бор истилоҳи “террор” ва “терроризм” дар Инқилоби Кабири Фаронса солҳои 1793-1797 аз тарафи якобинчиён ба кор бурда шудааст, вале гумон меравад, ки ин калима шакли дигаргуншудаи калимаи арабии “таррор” аст. Таррор дар “Фарҳанги забони тоҷикӣ” ба маънои роҳзану одамкуш, кисабуру дузд ва маҷозан ба маънои ҳиллагар, маккор, оварда шудааст. Шояд аврупоиён калимаи “террор”-ро ба маънои даҳшатафканӣ ва хунрезӣ аз калимаи арабии “таррор” гирифта бошанд . Ҳамин тариқ бисёриҳо ба он назаранд, ки калимаи «терроризм» аз калимаи лотинии «terror» гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Инро ҳамагон қабул доранд, аммо калимаи арабии “таррор” ва калимаи лотинии “terror” қариб, ки маънои якхела доранд.
Маънои аслии экстремизм бошад – (аз калимаи франсавии “extremism” ва лотинии “extremus”) гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо, амалҳои тундравона, аз ҳадду андоза гузаштан аст.
Терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ба ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ дошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмиллалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифродгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ мусоидат менамояд.
Терроризм ва экстремизм имрӯзҳо хусусияти байналмилалиро касб карда аст, ки абарқудратҳо ба воситаи он манфиятҳои миллию давлатиашонро ҳимоя мекунанд. Баъзан сиёсати духураи онҳо ба тезутунд гаштани террорҳои нав дар кишварҳое, ки дар гирдоби азими буҳрони сиёсӣ дучор гаштаанд ба амал меояд. Абарқудратҳо баҳри муайян намудани мавқеи геополитикии худ пинҳонӣ ба гурӯҳҳои тундрав маблағгузорӣ менамоянд. Дар замони муосир кишварҳои Осиёи Миёна мавриди таваҷҷуҳи манфиатҳои геополитикии давлатҳои алоҳида қарор гирифтааст, ки бархурди манфиатҳои онҳо дар манотиқи Шарқи Наздик, Қафқоз ва Осиёи Миёна рӯз аз рӯз хавфу хатари навро эҷод менамояд.
Вусъатёбии фаъолияти чандин гурӯҳҳои террористиву тундгаро, аз қабили созмонҳои ба ном “Давлати исломӣ”, “Ал-Қоида”, “Толибон”, «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ҳизби исломии Туркистон» ва монанди инҳо илова ба проблемаи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар хоки давлати ҳамсояи мо – Афғонистон – моро водор месозад, ки атрофи масъалаи мазкур диққати махсусро равона созем.
Худойбердиева Ҳалима, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш