Терроризм ва экстремизм зуҳуроти номатлуб мебошанд.

Дӯстӣ: Вокуниш  

Имрӯзҳо воқеаҳое, ки дар бисёр давлатҳои дунё рӯх медиҳад аз ҷумла терроризм  ва экстремизм ягон шахсиятро бетараф гузошта наметавонад.

Тундгароӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ боиси нигаронкунанда мебошад. Аз ин хотир Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадашон қайд менамояд, ки пеши роҳи чунин ашхосонро гирифтан лозим аст, чунки  террористон баҳри ниятҳои нопокашон ба ҳама корҳои ғайриинсонӣ даст мезананд, ки қайд намуда буданд, террорист-ватан, миллат ва динну мазҳаб надорад.
Ҳодисаҳое, ки дар давлатҳои Сурия,  Ироқ, Давлати Исломии Афғонистон ва Яман рӯх медиҳад тамоми шахсиятҳоро ба ташвиш меорад. Чунки  террористон ва экстремистон  шабонарӯзи нақшабанди мекунанд, ки дар дилхоҳ давлат амалҳои ноҷавонмардонаи худро амалӣ созанд.
Ҳодисаҳои моҳи майе, ки дар шаҳри Хорӯғ ва ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соли гузашта шуда буданд бори дигар моро водор месозад, ки ҳамеша ҳушёр бошем, то ки нохалафони дигар давлату миллатҳо дар давлати мо нақшаҳои худро амалӣ сохта натавонанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар баромадҳояшон қайд мекунанд, мо халқи шарифи Тоҷикистон бояд ҳеҷ вақт зиракию  ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳем, ҳамеша Истиқлолияти давлатамон ва Ваҳдати миллиамонро поянда нигоҳ дорем.

 

Сармутахассиси оморӣ КИ ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ:  Сайнаби Раҳонов