Хиёнат ба Ватан гуноҳест нобахшиданӣ.

Ш.Шоҳин: Вокуниш  

Дар шароити мураккаб ва пурпечу тоби ҷомеаи муосири шаҳрвандӣ дар баробари рушду тараққиёти соҳаҳои мухталиф  бо ҳар гуна воқеаҳову ҳодисаҳои нангини зиддиинсонию башарӣ  рӯ ба рӯ гардида истодаем.

Аллакай аз рӯи мушоҳидаҳо ва тибқи таҳлили коршиносони масоили сиёсӣ собит мегардад, ки дар аксарияти давлатҳои сайёра гуруҳҳои ифротиву террористӣ амалҳои ноҷавонмардонаи хешро таҳрезӣ намуда, талаби соҳиби қудрат буданро карда истодаанд, ки барои рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ дар оянда мушкилиҳои ҷиддӣ ва хавфнокро ба бор хоҳад овард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз амалкарду кирдорҳои зиддиинсонии гуруҳҳои ифротиву даҳшатафкан дар канор набуда, дар баробари дигар давлатҳои минтақаву ҷаҳон муборизаро бар зидди гуруҳҳои баднияту бадкеш пурзӯртар менамояд.

Ёдовар бояд гашт,ки сабаби асосии гаравидани шаҳрвандон бахусус ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротиву террористӣ маҳз аз нодониву гумроҳӣ ибтидо гирифта, то ба хиёнат ба миллату давлат рафта мерасад.

Дар даврони аввали соҳибистиқлолии мамлакат бо сабабҳои камтаҷрибагӣ ва бемасъулиятии бархе аз роҳбарон гуруҳҳои террористиву экстремистӣ реша давонда, Тоҷикистонро ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашониданд. Ташкилоти экстремистиву террористии ҳизби мамнӯи наҳзати ислом ва пайравонаш аз фурсати муносиб истифода намуда, ба кӯштори донишмандону фозилон ва равшанфикрони тоҷик шурӯъ кард, ки таърихи миллат чунин кирдорҳои нангини онҳоро абадан нахоҳад бахшид.

Хушбахтона толеъи миллати тоҷик баландӣ карда, назари худовандӣ болои мардуми ҷафодида наҷотбахшандаеро рӯи кор овард,ки миллатро аз парокандагӣ ва давлатро аз нестӣ раҳонид. Новобаста аз  кирдору амали  ноҷавонмардонаи ТЭТ ҳизби наҳзати исломӣ,ки дар қаламрави мамлакат дар даврони аввали соҳибистиқлолӣ то моҳи сентябри соли 2015 идома дода, Роҳбариятии Олии мамлакат борҳо пайравонашро авф кардаву  гуноҳашонро бахшид.

Баъди фирорӣ  гаштану ихроҷ аз Ватан дар ғурбат аз амалҳои хоинонаашон даст набардошта   пайваста  болои тоҷику тоҷикистониён санги маломат зада истодаанд. Ин  амалу кирдори онҳо то ҳадде расидааст, ки гуноҳи онҳо дар назди  давлату миллати тоҷик нобахшиданист.

Марг ба чунин  хоинони давлату миллат, ки  ба қадри сулҳу осоиштагӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз намерасанд.

 

Абдураҳмонов Сулаймоншо- сармуҳосиби КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ш.Шоҳин