Терроризм ва экстремизм ин таҳдиди бисёрҷониба ба манфиатҳои ҳаётан муҳими шахс, ҷамъият ва давлат ба шумор меравад. Дар тамоми дунё эътироф шудааст, ки ифротгароӣ ба ҷомеа хатари калон меорад. Мо ҷавонони насли нав дар кадом шакл набошад, ифротгароиро қабул надорем, чунки он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро поймол мекунад. Қайд кардан ҷоиз аст, ки ифратгароӣ асосҳои маънавии ҷомеаро вайрон намуда, ба амнияти минтақа, тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла ба амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам таҳдид мекунад. Имрӯз терроризм беш аз пеш хусусияти глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Тоҷикистон, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро аз сари худ гузаронидааст ва бо зуҳуроти зишти ин падидаи ғайриинсонӣ аз наздик ошно мебошад, ҷонибдори усулӣ ва пойдору устувори муборизаи қотеъ ва ҳамоҳангшудаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бар зидди он аст. Айни замон масъалаи амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағгузори онҳо ба мушоҳида мерасад. Бояд зикр намуд, ки мақсади гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ вайрон кардану халалдор сохтани сулҳу ваҳдати миллӣ, ноором сохтани зиндагии осоиштаи мардум ва аз таълиму тарбия дур мондани ҷавонону наврасон мебошад. Маҳз ҳамин амалҳои хусусияти террористиву экстремистидошта боиси аз соҳаҳои маориф, тандурустӣ, иқтисодиёт, техника ва технологияи муосир дур мондани ҷомеаи муосир мегардад. Бояд қайд кард, ки ин амалҳо на танҳо сулҳу ваҳдати як давлатро халалдор месозанд, балки дигар кишварҳои ҷаҳонро ба ташвиш мегузоранд. Сабабҳои пайдоиши терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ва даст задани шаҳрвандон ба он, ин паст будани сатҳи дониши диниву дунявӣ, маърифати ҳуқуқӣ, вазъи моддӣ, мушкилиҳои оилавӣ, дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотӣ ва паст будани сатҳи шуури ҷомеа мебошад. Моро зарур аст, ки ба гуфтаҳои чунин афроди бадхоҳ дода нашуда, зиракии сиёсии худро истифода намоем. Зеро, ифротгароён ҷавонони сустирода ва фаҳмиши паст доштаро зудтар ба доми фиреби худ гирифтор мекунанд. Имрӯз мо-ҷавонони кишвар пайваста аз дастгириҳои сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шукргузорӣ намуда, пайваста бар муқобили он нафароне, ки мехоҳанд ҷомеаи моро дар арсаи ҷаҳонӣ паст намоянд ва намегузорем, ки ба чунин корҳои ношоям даст зананд.
Олимов Раҳмоналӣ, мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи электронӣ КИ ҲХДТ дар н. Восеъ.