Тоҷикистон хонаи умеди мо!

Ш.Шоҳин: Ҳисобот  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ аз ҷумла супоришҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият намуда, ҷиҳати иҷрои саривақтии онҳо аз тамоми имкониятҳои дар ихтиёрдошта  самаранок истифода менамояд.

Ҳизбиёни ноҳияи баландкӯҳи Шамсиддин Шоҳин пайваста зери шиори “Мо як Ватан дорем, ки номаш Тоҷикистон аст!” фаъолият намуда, ҷиҳати баланд бардоштани шинохти ҳизб дар байни сокинони ноҳия ва тарғибу ташвиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ корҳои муайянеро ба сомон расонида истодааст.

Масъулини ҳизбӣ дар раванди таблиғу ташвиқи муосири ҳадафҳои ҳизбӣ аз ҷумла пиёдасозии Барномаи амали Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар байни сокинон ва аъзоёну кормандони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз афкори пешқадам  ва маърифати пурсамари маънавии аъзояш васеъ истифода менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки рӯз то рӯз, сол то сол сафи ҳизбиёни ноҳияро аъзои сифатан бомаърифату ботинан поквиҷдон мукаммалтар намуда, бо такя ба кӯшишу ғайрат ва донишу идроки онҳо маданияти ҳуқуқӣ ва меҳру муҳаббати худогоҳиву меҳанпарастиро дар замири насли ҷавону навраси диёр пайваста талқину таҳрик  намуда истодааст. Самараи заҳмату талоши ҳизбиёни ноҳия боис ба он гардида, ки  дар чорабиниҳои ҳизбию давлатӣ  аз нерӯи бузурги ихтиёриёни (волонтиёрҳо) ҳизбӣ ва аъзои намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ҳамаҷониба истифода намояд.

Ёдовар бояд гашт, ки масъулини ҳизбӣ дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ, нақшаи корӣ барои моҳи марти соли равон таҳия намуда, бобати иҷрои бандҳои он дар ҳамоҳангию ҳамкории мутақобила бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ фаъолияти густурда намуда истодааст.

Дар таърихи 1-уми марти соли равон масъулини ҳизбӣ бо истифода аз аъзои намояндагии ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва ихтиёриёни ҳизбӣ дар маркази шаҳрак аксияи ҳизбии “Баҳор фасли зебои сол”-ро баргузор намуда, дар байни сокинон беш аз 150 дона маводҳои иттилоотии тарғибкунанда ва васфкунандаро тақсим намуданд. Сокинонро ба фарорасии фасли баҳор шодбош намуда, бобои деҳқонро ба арсаи киштукору  донаи умед  талқин ва таҳрик  намуданд.

Санаи 6-уми марти соли ҷорӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроия ҷиҳати сазовор истиқбол намудани ҷашни Рӯзи модар дар маркази шаҳрак аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Зиндагӣ аз Модар сарчашма мегирад!”-ро баргузор намуданд. Масъулин дар байни сокинони шаҳрак беш аз 400 адад маводҳои иттилоотии тарғибкунандаи қадру манзалати Зан- Модарро тақсим намуда, бо ин васила қарзи фарзандии хешро дар байни модарони диёру Ватан гузоштанд.

Қайд кардан ба маврид аст,ки масъулини ҳизбӣ дар арафаи Рӯзи модар дар таърихи 7-уми марти соли равон бо гирандаи нафақаи ҳизбӣ, маъюби гурӯҳи 1-ум Ибодати Амирхон вохӯрӣ намуда, нафақаи ҳизбиро дастрас намуданд. Ёдовар бояд гашт, ки Ибодати Амирхон новобаста аз маъюб буданаш, дар байни ҷомеа ҳамчун як  бону ва ё як узви ҷомеа ба шумор меравад. Аз ҳамин лиҳоз масъулини ҳизбӣ дар арафаи Рӯзи модар ба мавсуф дар баробари дастрас намудани нафақаи ҳизбӣ инчунин ӯро бо гулу гулдаста  табрик намуданд.

Дар моҳи марти соли ҷорӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  дар байни  сокинони деҳаву маҳаллаҳо ва аъзоёну кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия корҳои оммафаҳмонӣ ва суҳбату вохӯриҳоро бо ҷалби собиқадорону мутахассисони коршинос дар самти расонидани муҳтавои Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мубориза бар зидди терроризму эктремизм, пешгирии гароиши ҷавонон аз ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, коҳиш додани ҷинояту ҷинояткорӣ аз ҷумла дар байни ҷавонону наврасон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз ташкил ва баргузор намуда, дар раванди баргузории чорабиниҳо аз тарзу усулҳои муосири корбарӣ истифода намуда истодааст.

Чунин чорабиниҳои муҳиму таъсирнок дар моҳи апрели соли равон низ ба нақша гирифта шуда, вобаста ба чорабиниҳои муҳими сиёсию давлатӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо ҷалби фаъолону саховатмандон ва кормандони масъули ҳизбӣ амалӣ карда мешаванд.

 Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар асоси дастуру супоришҳои Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Кумитаи иҷроияи  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар оянда низ бобати фаъолияти босамар ва амалисозии нақшаҳои дарпешистода ба хотири амалисозии Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳудуди ноҳия аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода менамояд.

 

Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин