Ободии диёр мароми мост.

Норак: Созандагони ватан  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар боби ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, гулгашту майдонҳо ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ  Санаи 3 феврали соли ҷори бо ташаббуси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ҳамкори  бо  бахши ҳифзи  муҳити зисти  шаҳр  бо иштироки  75 нафар волонтёрони ҳизби ҷиҳати тозоаю озода намудани кучаҳои шаҳр аксияи ҳизбӣ зери унвони " Ободии  диёр  мароми  мост"  баргузор карда шуд.

Дар доираи аксияи мазкур аз ҷониби волонтёрони ҳизб як қатор корҳои тозагию ободони ба анҷом расонида шуда, роҳраву гулгаштҳои кучаҳои шаҳр аз партовҳо тоза карда шуданд.