ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ БЕҲБУД БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Ҷ.Балхӣ: Созандагони ватан  

Имрӯз мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” бо аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №51”-и Ҷамоати шаҳраки “Гулистони”-и  ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрӣ доир гардид.

Дар он Қурбонов Шариф- роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва директори мактаб вобаста ба шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб, беҳбудии вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, таъмини рушди бардавоми иқтисодию иҷтимоии кишвар, эҳёву тақвияти фарҳангу арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат ва дигар масъалаҳое, ки дар Паём ироа гардида буд, изҳори назар карданд.

Инчунин, зикр карда шуд, ки дар Паём бисёр масъалаҳои дар ҷомеаи имрӯза зарур инъикос ёфта, моро месозад, дар татбиқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат танҳо саъю талоши содиқонаву софдилона, ҳисси баланди масъулият дар назди халқу Ватан намуда, барои таъмини шароити арзандаи хеш талош варзем.