Санаи 24-уми январи соли равон тибқи нақшаи тартибдодашудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Телекоми вилоят» маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид. Дар маҷлис мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар иштирок намуданд.
Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Телекоми вилоят» Абдуллоев Зариф кушода, иштирокчиёнро бо намоянда аз Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар шинос намуда, дар бораи фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар соли 2022 ҳисобот дод.
Ҳамин тариқ, дигар масъалаҳои рӯзномаи маҷлис, тасдиқи нақшаи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Телекоми вилоят” барои соли 2023 ва нақша-чорабиниҳо оиди шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Сипас, мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Қаҳҳоров Искандар оиди Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, муҳтавои мухтасари онро фишурда ба иштирокчиёни маҷлис расонид, инчунин вобаста ба таҳкими фаъолияти ҳизбӣ, ҷорӣ гардидани рейтинги ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ, пардохти саривақтии ҳаққи узвият аз ҷониби ташкилотҳои ибтидоӣ ибрози андеша намуд. Дар охир аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ба раиси Ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Телекоми вилоят" Абдуллоев Зариф барои саҳми арзанда гузоштан дар дастур ва супоришҳои роҳбарияти ҳизб ва иштироки фаъолона дар баргузории чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ сарфароз гардонида шуд.