ПАЁМ ВОДОР МЕСОЗАД, КИ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕА БО ХАЛҚ НАЗДИК ШУДА, БАРОИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА ОНҲО ПАЙВАСТА ТАЛОШ НАМОЯНД

Кӯлоб: Андеша  

ПАЁМ ВОДОР МЕСОЗАД, КИ ФАЪОЛОНИ ҶОМЕА БО ХАЛҚ НАЗДИК ШУДА, БАРОИ ТАЪМИНИ ЗИНДАГИИ ШОИСТА БА ОНҲО ПАЙВАСТА ТАЛОШ НАМОЯНД

Бо шукургузорӣ аз фазои сулҳу субот ва тинҷиву оромии кишвар мардуми шарифи кишварамон санаи 23.12.2022 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастаҷамъона тавассути оинаи нилгун мустақиман пахш гардид тамошо намудам. Зимни ироаи Паёмашон Пешвои миллат тамоми самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз ҷумла, иҷтимоиву иқтисодӣ, маорифу тандурустӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дастуру супоришҳоро барои фаъолияти минбаъда муайян сохтанд.
Ин навбат дар Паёмашон Пешвои миллат қайд доштанд, ки: “Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд” ва дар баробари ин, мужда доданд, ки 14 – уми декабри соли ҷорӣ Маҷмаи Умумии СММ дар бораи “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон кардани соли 2025 ва 21-уми март ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, якдилона қабул гардид. Дар робита ба ин, бо ифтихормандӣ Сарвари давлат тамоми мардуми Тоҷикистонро самимона табрик намуданд.
Дар ҳақиқат Паёми Пешвои миллат ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз, дастурамалӣ рӯимизӣ буда, аз ҳар як бандҳои он кормандони ин ё он сохтор ба таври васеъ истифода менамоянд. 
Воқеан ҳам занону бонувон нигини пурҷилое мебошанд, ки дар ҳама самту соҳаҳо фаъол мебошанд. Ҳамин буд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон иброз намуданд, ки “Мо, ҳамчунин, ба нақши зан – модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад”.
Албатта, дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ мамлакат дастгирии занону бонувон ва баланд бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа бисёр тадбирҳои судманд андешида мешавад. Ин аст, ки аз шаҳри Кӯлоб занону бонувони зиёд ҳастанд, ки дар самти фаъолияти соҳибкорӣ ба гранти президентӣ мушарраф гардида, ки ин ҳам бошад, барои боз ҳам рушд ёфтани соҳаи соҳибкорӣ, махсусан, бо иштироки занону бонувон таконни ҷиддӣ мебахшад.
Ҳоло аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз аз ҷумла кадрҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро бонувону занон ташкил медиҳанд. Инчунин, занону бонувон дар  соҳаи маориф 73 фоиз, соҳаи тандурустӣ 71, фарҳанг 47, бонкдорӣ 39, алоқа 25, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоиз мебошанд. Ин боз як нишонаи таҳкиму манзалати зан – модар дар ҷомеаи мо мебошад, ки дар Паём аз ҷониби Пешвои миллат бо қаноатмандӣ зикр шуданд.
Мақсади асосии Паёми Пешвои миллат ин пеш аз ҳама дар он аст, ки масъулини ин ё он сохторҳои марбутаро водор месозад то бо халқ  наздик шуда, дар ҳалли мушкилотҳои он саҳмгузор бошанд. Барои тадбиқ ва дар амал ҷорӣ намудани нуқтаҳои Паём моро мебояд, атрофи сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат ҷамъ бошем ва имрӯз корҳоеро анҷом диҳем, ки фардо самараи нек биорад.
Дар пайравӣ ба ин, шоҳиди ҳол шуда истодаем, ки  шаҳри Кӯлоб бо дастгирии шаҳрдор ба як шаҳри зебову дилрабо мубаддал гашта истодааст. Мебинем, ки шаҳри Кӯлоб рӯз аз рӯз корҳои зиёди созандагию бунёдкорӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Кӯлоб, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба анҷом расонида шуда, чунин раванди кор метавонад баҳри беҳтар шудани зиндагии мардум таъсиргузор бошад. 
Бояд қайд кард, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ва бо дастгирии Пешвои миллат ва раиси шаҳри Кӯлоб якчанд иншоотҳои муҳимми таърихӣ бахшида 31 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Иброз ба ёдоварист, ки яке аз ин иншоотҳои саривақтӣ ва барои мардуми Кулобшаҳр илҳомбахш, ин Муҷассамаи “Дуои модар” мебошад. Бо истифода додани ин муҷассама бори дигар воқиф гардидем, ки Зан-Модар дар сиёсати имрӯзаи пешгирифтаи Роҳбари давлат ва Ҳукумати мамлакат мавқеи хос дорад. 
Занону бонувони Кулобшаҳри бостонӣ дар заминаи ин, тамоми саъю кушиши худро ба он равона хоҳанд намуд, ки фарзандони худро дар рӯҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллии хеш тарбия намуда, то ки онҳо дар оянда ба ватану миллат содиқонаву софдилона бо як нерӯи созанда хизмат намоянд.

Мунаввараи Бозоралӣ – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб