АЗ ТУ МАН ЧИЗЕ НАМЕХОҲАМ ВАТАН ҲАСТӢ БАС АСТ...

Ховалинг: Андеша  

Баъди нобасомониҳои солҳои тӯлонӣ, террор ва ба амал овардани таркишҳои  хунбор, ки бо дасти гурӯҳҳои ифротии Толибон  дар Афғонистон  ба амал  оварда мешуду мардум аз ин ҳама қурбониҳои бегуноҳ ба ҷон омада буданд, Толибон ҳамон Толибоне, ки барои расидан ба мақсад  ва дар дили мардум  ангехтани тарсу ҳарос аз чизе даст намекашиданд, сари қудрат омаданд.

Роҳбарони ҳаракати ифротии Толибон, ки танҳо аз қавму қабилаҳои паштунтабор иборатанд, дар Афғонистон аз қадамҳои аввалин ба бунёди давлати  паштунҳо ва аз байн бурдани мақоми забони дарӣ – тоҷикӣ, ба сари дигар қавму халқиятҳо ҳоким гардонидани паштунтаборҳо оғоз намуданд.  Имрӯз  99 фоизи вазифаҳои калидӣ дар Афғонистон дар дасти ин қавм аст.  Ин ҳолат боиси норозигӣ ва ҳатто муқовимат аз тарафи дигар мардумон, алалхусус тоҷикон, ки аҳолии бештари  Афғонистонро ташкил менамоянд, гардидааст. Бар замми ин роҳбарони Иморати исломӣ ба талаби ҷомеаи ҷаҳонӣ дар бобати ташкил намудани давлати ҳамашумул аз ҳисоби ҳама миллату қавмҳое, ки дар Афғонистон зиндагӣ менамоянд, ба таълиму тарбия фаро гирифтани духтарон, баробари мардон кору фаъолият намудани занон гӯш надода, изҳор медоранд, ки давлати ташкилнамудаи онҳо ҳамашумул аст.

 Алакай дар шаҳри Маймана, вилояти Фороб, Ҷузҷон, ноҳияи Балхоби минтақаи Сари пул ва дигар шаҳру ноҳияҳо байни аҳолии маҳаллӣ ва Толибон задухурдҳои мусаллоҳона ба амал омада истодааст.Толибон гарчанде зери шиори ислом мубориза бурда ва гӯё арзишҳои мазҳаби ҳанафиро зоҳиран эҳтиром намоянд ҳам, дар асл ташкилоти террористии миллатгарост. Толибон нисбати урфу одат, забони дигар халқияту қавмҳо дар Афғонистон эҳтиром намегузоранд  ва мехоҳанд, ки танҳо ва танҳо дар Афғонистон паштунгароӣ  тантана намояд. Дар ҳолате,  ки Толибон нисбати миллати тоҷик (онҳое, ки дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд)  ҳисси бадбинӣ доранд,  ба кишвари мо – Тоҷикистон  низ хатар эҷод карданашон аз имкон дур нест.  Ин аз таҳдиди баъзе аз саркардагони ин ҳаракат бараъло маълум аст. Гарчанде таҳдиди як ё ду нафарро мо сухани подарҳаво ва сафсата ҳисобем ҳам , набояд онро нодида нагирем. Зеро дар сарҳаде, ки ба ин давлати паҳнкунандаи героину , афюн ва дигар маводи мухадир 1400 километрро ташкил медиҳад, ҳама чизро интизор шудан мумкин аст.  Бинобар ҳамин мо барои ҳифзи сарҳад  ва дастовардҳои Истиқллиятии давлатии кишварамон  бояд ҳамеша ҳушёр ва  омодаи мубориза бар зидди давлату миллати худ  бошем. Фарзандонамонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем, то ки онҳо дар масъалаи  ҳифзи сарҳад, мубориза ба муқобили терроризму экстремизм  ва онҳое, ки мехоҳанд тинҷию оромии кишвари моро   халадор  созанд,  ҷойгирони сазовори мо бошанд. Қарзи шаҳрвандӣ,  қарзи ватандории мо аз он иборат аст, ки талаб накунем  Ватан ба мо чӣ дод, аз худ талаб кунем, ки барои гулгулшукуфии Ватан, ҳифзу нигаҳдории марзу бум ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии он чӣ кореро ба анҷом расонидаем. 

Аз ту ман чизе намехоҳам Ватан ҳастӣ бас аст,

Бо хасу хорат баробар зиндагӣ кардан бас аст.

Саидҷалол Сатторов - роҳбари гурӯҳи таҳлилии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг