ҲАМОВОЗӢ БА ПАЁМИ НАВБАТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ховалинг: Андеша  

Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи соҳаҳои  хоҷагии халқи мамолакат, ки дар он таҳлили амиқи худро ёфтааст ва дурнамои инкишофи онҳо муайян карда шудааст, ҳамчун роҳнамо хизмат менамояд

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сараввал ба нақшагирии самти иқтисоди миллиро мавриди таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дод. Зеро дар шароити таҳаввулоти босуръати гӯшношунавандаи иқтисоди ҷаҳонӣ, рақобати шадид барои дастрасӣ ба захираҳо ва паёмадҳои тағйирёбии иқлим талаб менамояд, ки  дар кишвар тамоми воситаҳои муосири фаъолгардонии сармоягузорӣ ба таври васеъ истифода бурда шавад.  Дар Паём ба баланд гардидани сатҳи некӯаҳволии мардум диққати зарурӣ дода шудааст.  Дар Паём омадааст, ки дар панҷ соли охир сатҳи некӯаҳволии мардум тадриҷан баланд шуда, даромади пулии аҳолӣ аз 41, 1 миллиард сомонии соли 2018 ба 87 миллиард сомонӣ дар соли 2022 расонида шуд, яъне 2,1 баробар зиёд гардид.  Ҳамзамон  музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ аз 27, 4 фоизи соли 2018 то 22,5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд.  Дар ин давра бештар аз 900 ҳазор ҷойи кори нав, аз ҷумла дар соли 2022 190 ҳазор таъсис дода шуд, ки ба беҳтар шудани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд. Дар Паём чи тавре дар боло зикр гардид, дар бораи ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла рушди иқтисодиёт, саноат, энергетика, коммуникатсия, соҳибкорӣ, сайёҳӣ, маблағгузорӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, занону ҷавонон ва дигар масъалаҳои ҳалталаб ва вазифаҳои дар пешистода  сухан рафт.

 Боиси қаноатмандист, ки ба буҳрони шадиди иқтисодӣ ва норомиҳои дар тамоми дунё ҷойдошта нигоҳ накарда,бо шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагию ободкорӣ дар соли 2022 бо маром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.  Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро   барои расидан ба ҳадафҳои асосии давлату миллат, зиндагии босаодати мардум, ҳаёти осоишта ва пойдории  сулҳу ваҳдат дар кишвар чун роҳнамои имрӯзу фардо арзёбӣ намудан мумкин аст.

Абдулло Ҳасанов - вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҲХДТ ҳавзаи интихоботии № 11