МАМЛАКАТ АЗ ДАСТИ ЗАН ГУЛЗОР ХОҲАД ШУД
Дар маводи навбатиам хостам перомуни ҳаёти зан – модар, бонуи маорифпарвар ва ҳалиму меҳрубон, муаллима бисёр боэҳтиром – Комилова Шафоат сатре навишта бошам. Ин зани муваффақу обруманди диёр 12 феврали соли 1959 дар шаҳри Конибодоми вилояти Суӻд дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Пас аз хатми мактаби миёна дар дил орзуи идомаи таҳсил дар шаҳро дошт. Мушкилоти зиёде садди орзуҳои дерини духтарак буданд: дурии роҳ, парвози ками ҳавопаймо, шаҳри ноошно...
Соли 1982 ба факултаи филологияи тоҷик ва журналистикаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дохил шуд ва онро соли 1987 бо муваффақият хатм кард.
Комилова Шафоат фаъолияти меҳнатиашро соли 1977 ба сифати котиби ташкилоти комсомолии фабрикаи «Швейместпром» №2-и шаҳри Конибодом оӻоз намудааст. Баъдан солҳои 1982-1993 муаллимаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Кӯлоб, муаллимаи мактаби назди беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 фаъолият намудааст. Солҳои 1993-1999 омӯзгори омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб, сипас, ҷонишини директории филиали «Гимназияи Тоҷикистон» дар шаҳри Кӯлоб кор кардааст.
Аз соли 2001 то соли 2005 мудири шуъбаи умумии дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб ва мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кор кардааст.
Солҳои 2005-2013 дар вазифаи директории муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52-и шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. Аз соли 2013 то 2014 ба ҳайси мушовири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб кор карда аст. Аз соли 2014 дар МДТ «Колеҷи тиббии ш.Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло Азиз» мудири кафедраи фанҳои «Гуманитарӣ» айни замон мудири кафедраи забони тоҷикӣ фаъолият намуда истодааст.
Омӯзгор будану дар соҳаи маориф фаъолият доштан зиннати инсониро дурахши тоза медиҳад. Ин буд, ки дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас чӣ қадар монеъагиҳоро бо сабру таҳаммул пушти сар гузошт. Воқеан, муаллимаи азиз дар баробари чашидани талхиҳову кашидани ранҷҳо дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша пурсабру пуртоқат, ботаҳаммулу масъулиятшинос ва хоксору меҳрубон ва дар маҷмуъ эҷодкоранд.
Фикр мекунам, ки ҳар як меҳнат қадр карда мешавад. Маҳз самараи хизматҳояшон Комилова Шафоат ветерани ҷанг дар Афӻонистон буда, бо як қатор унвонҳову медаҳои ҷашнӣ, аз ҷумла медалии «50- солагии Ӻалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945» аз соли 1995 №213, медали «15 солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ аз 5.02.2008, медали 25 – солагии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ, аз 24.07.2019 №528, 25 солагии хизмат дар Афӻонистон, 30-солагии баромадани қувваҳои маҳдуди Шӯравӣ аз хоки Афӻонистон аз соли 2019, №391 сарфароз гардонида шудааст.
Аълочии Маорифи Тоҷикистон ва 23.07.2021 №213 бо фармони Президенти ҶТ бо медали “Хизмати Шоиста” мукофотонида шудааст.
Инчунин, бояд гуфт, ки аз рӯзҳои аввали таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб яке аз аввалинҳо шуда, аъзои ҳизб гардида, дар ҳама чорабиниҳо иштироки фаъолона мекард. Ҳамзамон, комиссияи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро бар душ дошта, ҳадафҳои ҲХДТ дар байни занону бонувон тарғиб мекард.
Дар ҳақиқат муаллима бисёр бонуи фаъол, ҳамеша дар ҷустуҷӯи навгониҳо ва кӯшиш менамояд, ки саҳми худро дар ободии диёр, тарбияи насли наврас ва омода кардани мутахасисони баландихтисос дар ҷодаи илму маориф равона менамояд.
Мунавараи Бозоралӣ – мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб