Зиндагонӣ бо падар чун тахти шоҳин будааст,
Бе падар мушкил, лек амри Илоҳӣ будааст.
Падару модар дарахтеро мемонанд, ки мо фарзандон меваҳои он маҳсуб мешавем. Падар замини пурбаракате аст, ки шаҳди меҳрубонии ӯ заминасози парвариши насли одамиён ва оғуши гармашон бисттари муносибе барои рушди тарбияи фарзандон аст. Меҳри падар ва шавқи духтардор шуданашон дар зиндагӣ хеле зиёд аст. Дар урфият мегӯянд падар духтардӯстдор мешавад модар писардӯстдор. Мо бо доштани падару модари мунису ғамхор дар зииндагӣ ҳамачиро дорем.
Дуои падар доимо ҳамсафари умри мо ҳасту мемонад. Зери вожаи падар симои нафаре ба дидаҳо падид меояд, ки сутуни оила ва хонадон аст, ҳамчунин такягоҳи боэътимоди фарзандон. Падар қиблагоҳ пару бол пайдокунандаи ризқу рӯзӣ ва хурсандии аҳли хонаводаву фарзандон ба шумор меравад. Чунки падар дар хонадон шахсест, мисли девори мустаҳкам, ки оила ба он такя мекунанд. Агар ҳамин такягоҳи асосии оила, набошад, зиндагӣ маъное надорад. Беҳуда намегӯянд, ки муносибате, ки ба падару модарат мекунӣ, ин қисаест, ки худ нависта истодаӣ ва фардо фарзандонат онро бароят мехонанд.
Инсонҳо ҳамон вақт ба қадру манзалати волидон мерасанд, ки яке аз инҳоро аз даст бидиҳад. Ҳар гоҳ, ки дигаре падарашро садо кунад тамоми вуҷудат месузад. Аммо чӣ чора, ки Худованд такягоҳатро аз ту гирифтааст. Ҳеҷ кас ҷои падарро гирифта наметавонад. Бе падар мисли мурғи бе болу паре ҳастӣ, ки парвоз карда наметавонӣ. Инро бештар нафароне дарк мекунанд, ки волидонашонро аз даст додаанд. Пас бояд то вақе, ки онҳо бо моянд ҳурмату эҳтиромашонро ба ҷо орем ва шукри буданашонро кунед. Агар имкон мебуду ман имконият медоштам барои модарам ҷавонӣ, барои падарам умри дубора ва ба худ хандаҳои кӯдакиамро мехаридам. Вале афсус...
Намак дар комҳо ширинтар аз шаҳду шакар гардад,
Ҷигарҳо хун шавад, то як писар мисли падар гардад.
Мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонои КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон Мирзоева Заррина