БАРГУЗОРИИ ВОХӮРИ БО ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ БОЛОӢ

Ёвон: Созандагони ватан  

Санаи 24 январи соли равон вохӯрии намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон зери роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Абдуллозода Саёҳат бо хонандагони синфҳои болоии МТМУ №21 дар доираи Роҳнамо барои сарбози ихтиёрӣ вобаста ба мавзуҳои гуногун, аз ҷумла ихтиёран сафар намудан ба сафи Артиши миллӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ ва риояи қоидаҳои талабагӣ  баргузор карда шуд. Инчуни дар вохӯри мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Расулов Ғолиб низ иштирок намуданд. Баромадкунандагон дар баромадҳои хеш ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Президенти кишвар дар Паёми худ вобаста ба неруи бузурги ҷавонон таъкид доштанд, ки имрӯз ҷавонони мо барои ободию гул гулшукуфоии Тоҷикистони азизамон бо фаъолияти пурсамар дар ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқи мамлакат саҳми босазо мегузоранд. Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҷавонон бояд зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаи ҳаргуна дуруғҳои баъзе аз ҷавонони гумроҳе, ки шомили кадом як ҳизбу ҳаракт шудаанд дода нашаванд.