ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АЗ ҶОНИБИ ГУРУҲҲОИ КОРӢ БА СОКИНОН РАСОНИДА МЕШАВАД.

Ёвон:  

Санаи 24 январи соли равон дар бинои МТМУ №24-и ноҳия вохӯрии намояндагони кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон зери роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Абдуллозода Саёҳат бо сокинони фаъолои деҳаи Зафари Ҷамоати деҳоти Норин баргузор карда шуд. Инчуни дар вохӯри раиси Ҷамоати деҳоти Норин Ҳасанзода Саъдулло низ иштирок намуданд. Мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур вобаста ба шарҳу тавзеи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззамаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар мебошад. Баромадкунандагон дар баромадҳои хеш ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки Президенти кишвар дар Паёми худ оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд.