БАРГУЗОРИИ АКСИЯ ЗЕРИ УНВОНИ “НИҚОБ ПӮШ!”

Кушониён: Созандагони ватан  

Санаи 19-январи соли 2023 дар доираи тадбирҳои беҳдоштӣ ва ҳимояи солимии аҳолӣ ва пешгирӣ аз интиқоли ҳар гуна бемориҳои  сироятӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим бо ташаббуси кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён миёни сокинони ноҳия ҷиҳати пурзӯр кардани чораҳои зидди эпидемикӣ барои пешгири намудан корҳои таблиғотӣ фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти варақаҳои тарғиботӣ ва ниқобҳои тиббӣ дар панҷшанбе бозори деҳаи Байнали ҷамоати деҳоти Меҳнатобод аксияи “Ниқоб пӯш” роҳандозӣ карда шуд. 

Дар ҷараёни аксия ба сокинон 200 адад ниқобҳои яккарата ва 100 адад маводҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус тақсим карда шуд. Қобили тазаккур аст, ки ниқоб ва маводҳои маълумотӣ дар бинои Кумитаи иҷрояи ҲХДТ бо теъдоди лозимӣ омода гардида, давра ба давра дар мулоқоту вохӯриҳо ва аксияҳо ба сокинони ноҳия тақсим карда мешаванд.

Мариди зикр аст, ки то ба имрӯз аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ вобаста ба пешгирии бемориҳои сироятӣ, миёни сокинону шаҳрвандони ҳудуди ноҳия аксияву вохӯриҳо баргузор гардида истодааст, ки барои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ замина мегузорад.