ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "МАРКАЗИ НАЗОРАТИИ САНИТАРИЮ ЭПИДЕМИОЛОГИИ НОҲИЯ" МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТИ БАРГУЗОР ГАРДИД!

Ҷ.Балхӣ: Ҳисобот  

Дар асоси Нақшаи кории Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ имрӯзҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия маҷлисҳои ҷамъбасти баргузор шуда истодааст.

Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Маркази назоратии санитарию эпидемиологии ноҳия " дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо иштироки Алиев Зафар- мудири шуъбаи таблиғоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ташкилоти ибтидоии "Маркази назоратии санитарию эпидемиологии ноҳия " маҷлиси ҷамбасти оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ баргузор гардид. Дар маҷлис масъалаҳои зерин мавриди барраси қарор дода шуданд.

1. Ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023;

2. Ҷамъбасти обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ барои 2023;

3. Тасдиқи нақшаи корӣ барои с. 2023;

4. Тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии ҶумҳурииТоҷикистон;

5. Қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб;

6. Ҷорӣ намудани Рейтинги ҳизбӣ.

Ҳамаи масъалаҳои дар рӯзномабуда баррасӣ шуда, оид ба ин масъалаҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Дар охир мудири шуъбаи таблиғоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ- Алиев Зафар баромад карда қайд намуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ оид ба пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххасро ба миён гузоштанд ва моро лозим меояд, ки баҳри татбиқи саривақтии онҳо чораҳои лозимиро андешем.