НАТИҶАГИРИ АЗ ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “БЕМОРХОНАИ СИЛ ” ДАР НОҲИЯ.

Ҷ.Балхӣ: Ҳисобот  

Санаи 13 январи соли равон, тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхона Сил” маҷлиси ҷамъбастӣ гузаронида шуд.

Сараввал зимни баргузории вохӯрӣ ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхона Сил” шунида шуд.

Баъди ҳисобот додани ташкилоти ибтидоӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  Алиев Зафар оиди ҷамъбасти ҳисоботи ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беморхона Сил” изҳори қаноатмандӣ намуда иброз дошт, ки дар якҷоягӣ барои расидан ба ҳадафҳои созандаи ҳизбӣ тамоми кушишу ғайрати худро равона созем ва барои истиқбол ҷашн гирифтани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошем.

Алиев Зафар оид ба самтҳои асосӣ ва муҳиму афзалиятноки Паёми ироагардидаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози ақида намуда, қайд намуд, ки тадбирҳои дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа андешидашуда имкон фароҳам оварданд, ки дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шавад.

Дар ин давра 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.