МАҶЛИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ “ПОЧТАИ ТОҶИК”-и НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ БАРГУЗОР ГАРДИД.

Ҷ.Балхӣ: Ҳисобот  

Тибқи тақвими маҷлисҳои ҷамъбасти дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия санаи 13.01.2023 дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Почтаи тоҷик”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия маҷлиси ташкилоти ибтидоӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ “Почтаи тоҷик” баргузор гардид. Маҷлисро раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ кушода оид ба ҷамъбасти фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023 суханрони намуд. Дар маҷлис инчунин масъалаҳо оид ба тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2023, тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб, ҷорӣ намудани Рейтинги ҳизбӣ баррасӣ гардид. Намояндаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Шодиева Нозанин баромад намуда, оид ба нуқтаҳои Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олии кишвар ибрози андеша намуд. Зимни суханрони оид ба самтҳои асосии сиёсати дохил ва хориҷи кишвар, ҳадафҳои стратегии мамлакат, зери таваҷҷуҳи  Президенти кишвар қарор доштани соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг,  инчунин оид ба баланд бардоштани мақоми занон ва ҷавонон дар ҷомеа, тарбияи дурусти насли наврас, ҷалби ҷавонон ба касбу ҳунар ибрози андеша намуданд.