ҶАМЪБАСТИ ҲИСОБОТИ СОЛОНА ДАР ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Кушониён: Созандагони ватан  

 

Санаи 9.01.2023 дар ташкилоти ибтидоии “Стомотология”-и ҷамоати шаҳраки И. Сомонии ноҳияи Кӯшониён маҷлиси ҷамбастӣ оид ба натиҷагирӣ аз фаъолияти солона, натиҷагирӣ аз нуқтаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Нурализода Малика мудири шуъбаи кор бо занони Кумитаи иҷроияи Ҳиҳзби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён ва аъзоёни ташкилоти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис масъалаҳои зерин ҷамъбасти фаъолият дар соли 2022 ва нақшаҳо барои соли 2023, тасдиқи нақшаи корӣ барои соли 2023, қабули қарорҳо вобаста ба ҳаракати аъзои ҳизб, масъалаҳои ташкилӣ ва тасдиқи нақша-чорабиниҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта ҳамзамон қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Аз ҷумла қайд гардид, ки дар Паёми худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо эътимод ба халқи заҳматпешаи Тоҷикистон иброз доштанд, ки мо бояд боз ҳам бештар заҳмат кашем ва барномаҳои созандаву бунёдкорона барои рушди давлат ва ободии Ватан тарҳрезикардаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем. Мо бояд ватанадўсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромуш насозем, ки эҳсоси гарми ватандўстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад.

Дар фарҷом Нурализода Малика тазаккур дода, ибрознамуд, ки аъзоёни ҳизбӣ баҳри дар амал тадбиқ намудани Оиннома ва Барномаи ҲХДТ, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи иҷроияи марказӣ, вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ тамоми саъю кӯшиши худро равона намуда, дар соли 2023 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд.