ПЕШСАФОНИ ҲИЗБӢ 14 январ ба САФЕД-ДАРА сафарбар мегарданд

КИВ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ин навбат дар натиҷаи Рейтинги ҳизбӣ кормандони пешсафи сохторҳои ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба Маҷмааи лижаронии Сафед-Дара сафарбар мегарданд. Саёҳати навбатии ҳизбиён санаи 14 январи соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. 

Боиси зикр аст, ки Рейтинги ҳизбӣ ҳамчун механизми нави идоракунӣ аз апрели соли 2020 дар вилояти Хатлон бо мақсадҳои зерин дар байни сохторҳои ҳизбӣ татбиқ гардида, аллакай мақоми ҷумҳуриявӣ касб кардааст (аз 14.09.2022):

  • навъи баҳогузории муосир, ки ба рушди асосҳои институтсионалӣ ва таъмини самаранокии фаъолият нигаронида шудааст;
  • ҳавасмандгардонии субъектҳо тариқи таъмини адолат дар фаъолияти меҳнатии корманд ва дастовардҳои вазифавии ӯ;
  • иштироки бевоситаи корманд дар идоракунии худ, беҳтар намудани нишондиҳандаҳои фаъолият;
  • воситаи муосир ва адолатнок (исботшаванда) вобаста ба қадрдонии пешсафон. 

Фарқият аз сафрҳои қаблӣ дар он аст, ки дар ин саёҳат ба ғайр аз пешсафон, ки ройгон сафарбар мегарданд, ҳамчунин вакилони ҳизбӣ аз шаҳру ноҳияҳо ва аъзои фаъоли ҳизб метавонанд бо пардохти маблағи имтиёзноки саёҳат- 420 смн./нафар дар доираи барномаи мазкур сафар (ҳамроҳӣ) намоянд. 


 

 

ХАТСАЙРИ САЙЁҲӢ «САЁҲАТИ ЗИМИСТОНА: САФЕД-ДАРА» (дар асоси Рейтинги ҳизбӣ)

 

Ҳамоҳангсоз: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон

Ташкилкунанда-ҳамоҳангсоз дар сатҳи маҳал: Кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон

Давомнокӣ: 1 (як) рӯз

Намуди саёҳат: саргузаштдор, варзишӣ-фароғатӣ

Макони сафарбаргардӣ/ҷамъшавӣ:

  • ш.Бохтар (бинои КИВ)-барои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар;
  • ш.Кӯлоб (бинои КИШ) барои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб.

Арзиш: 420 сомонӣ/нафар

Бо ин маблағ таъмин карда мешавад:

  • нақлиёт (микроавтобус);
  • хӯрок (нисфирӯзӣ);
  • чиптаи истифодаи фуникулёр-таноброҳ дар Маҷмааи лижаронии Сафед-Дара;
  • роҳбалади касбӣ.

Бо ин маблағ фаро гирифта намешавад:

  • хизматрасониҳои дигари МЛ Сафед-Дара;
  • нушокиҳои спиртӣ ва дигар хароҷоти шахсӣ.

Эзоҳ: дар Маҷмааи лижаронии Сафед-Дара шумори зиёди хизматрасониҳо, аз қабили лижаронӣ, чанасаворӣ, яхмолак, рондани барфтоз ва ғайра, дар маҷмуъ 22 намуди хизматрасониҳо ба сайёҳон пешниҳод мегарданд, ки арзиши (нархи) онҳо гарон аст. Аз ин рӯ, дар Хатсайри мазкур танҳо як хизматрасонии Сафед-Дара ба инобат гирифта шудааст, зимнан истифодаи дигар хизматрасониҳоро сайёҳ аз ҳисоби худ метавонад мустақилона амалӣ (харидорӣ) намояд.

Мавзеъҳои саёҳат: хиёбони марказии ш.Душанбе (хиёбони Рӯдакӣ) – шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд – Маҷмааи лижаронии Сафед-Дара

Барои тамос: (83222) 281-69, 883-00-9191, 937-98-4444

 

БАРНОМАИ САЁҲАТ

САФАРБАРГАРДӢ

Саёҳон дар макони сафарбаргардӣ - аз минтақаи ш.Бохтар (бинои КИВ) соати 08:00 ва аз минтақаи ш.Кӯлоб (дар назди бинои КИШ Кӯлоб) соати 07:00 ҷамъ омада, дар микроавтобусҳои муайяншуда ҷо ба ҷо шуда, бо роҳбарии масъулон ба самти ш.Душанбе роҳсипор мешаванд.

Расидан ба ш.Душанбе – соати 09:30-10:00, ҷамъшавӣ дар назди меҳмонхонаи «Душанбе» / Маркази савдои «Садбарг»

ДУШАНБЕ - Сафед-Дара

Соати 10:00 роҳсипор шудан ба самти Сафед-Дара.

 

Анҷоми саёҳат – соати 16:00

Пас аз тамошо сафари баргашт – сайёҳон ба макони худ расонида мешаванд.

Ташкилкунанда: ширкати сайёҳии тахасуснок

МАҶМААИ ЛИЖАРОНИИ «САФЕД-ДАРА»

Маҷмааи лижаронии «Сафед-Дара» соли 1976 таъсис ёфта, дар самти хизматрасонии варзишӣ, сайёҳӣ ва лижаронӣ хизматрасонӣ менамояд. Дар масофаи 50 км аз ш.Душанбе воқеъ мебошад.

Сафед-Дара бо таваҷҷӯҳ ва пайгириҳои пайваста охири соли 2016 Сафед-Дара, бо иштироки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарҳи нав ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин мавзеъ иншооти хизматрасонӣ ва толору майдонҳои варзишӣ дар масоҳати 60 гектар ҷойгир мебошад, ки дар як вақт имконияти қабули то 1000 нафарро дорад.

Дар Сафед-Дара асосан дар айёми зимистон, инчунин фаслҳои дигари сол ба сайёҳон хизматрасониҳои зерин пешниҳод мегардад:

  • Ду роҳи танобӣ (дар мас. 2000 м.);
  • Лижаронӣ;
  • Тюбинг,
  • Яхмолак (каток);
  • Барфтозӣ  (сноубординг);
  • Рондани квадросикл ва барфгард;
  • Фурудоии ҳавоӣ (зип-лайн);
  • Муҳориба (бозӣ) бо рангҳо (пейнтбол);
  • Меҳмонхона;
  • Ҳавзи шиноварӣ;
  • Тарабхона;
  • Маҷлисгоҳ.