ХОНИШҲОИ СИЁСӢ: "ҶАВОНОН, ПАЁМ ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ"

Ҷ.Балхӣ: Созандагони ватан  

Тибқи Нақшаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ баргузории хонишҳои сиёсӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯи даҳ самти афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонон таҳти унвони "Ҷавонон, Паём ва манфиатҳои миллӣ" байни ҷавонони 14 - 18 сола дар муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

Дар он директори мактаб, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, намояндаи шуъбаи маорифи ноҳия иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар он аз ҷониби масъулин оид ба дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, ки зимни Паём баён намуданд ҷиҳати донишомӯзии ҷавонон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, таваҷҷӯҳи зиёд додан ба фанҳои дақиқ ва таърихи 30 соли рушду тараққиёти кишвар, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани насли ҷавон, нақши Пешвои миллат дар таъмини сулҳу субот ва ободии ҷумҳурӣ, хифзи амният ва оромии чомеа суханронӣ карда шуданд. Хамзамон дар хониши сиёси оиди тарбияи чавонон дар рухияи садокат ба Ватан, ихтиёран хизмат намудан дар сафи Куввахои Мусаллах, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, тарбияи кадрхои баландихтисос, интихоби дурусти касб, иззату эхтироми омузгорон ва хизмат намудан ба Ватан суханронӣ карда шуданд.