ОБОДОНӢ МАРОМИ МОСТ!

Кӯлоб: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Баҳри таъмини иҷроиши дастуру ҳидоятҳо ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳаллу соҳилҳо, ҳифз намудани табиат ва тозаю озода нигоҳ доштани кӯчаву хиёбонҳои Кӯлобшаҳр имрӯз  бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории  ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳашари умумӣ баргузор гардид.
Мавриди зикр аст, ки корҳои азнавсозӣ ва баргузории чунин ҳашарҳои дастаҷаъмона барои омодагии муассиса ба фасли зимистон  буда, мутобиқи нақшаи корҳои созандагию ободкорӣ минбаъд низ бо ширкати васеи устодону донишҷӯёни Коллеҷ шанбегиҳо доир карда мешавад.