ВОЛОНТЁРӢ ШАРАФ АСТ!

Левакант:  

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант 5-декабр бахшида ба Рӯзи волонтёрон  вохӯрӣ байни донишҷӯёни ташкилоти ибтидоии “Сайёҳ”-и шаҳри Левакант  баҳри сазовор таҷлил намудани 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор карда шуд. Дар вохӯрӣ Расулов Меҳтоҷалӣ-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ва Холмуродова Алфия-мутахассиси пешбари шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи назди дастгоҳи раиси шаҳри Левакант иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар рафти вохӯрӣ бо донишҷӯёни ташкилоти мазкур мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант қайд намуд, ки аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ҳадафи калидии он хизмати содиқона ба халқу Ватан мебошад, бисту ҳашт сол сипарӣ мешавад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун зодаи даврони истиқлоли кишвар бо мақсади ифодаи азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон таъсис ёфта, маҳз бо рисолати мардумсолорӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва тарғиби ғояҳои бузурги ватандӯстиву худшиносӣ дар ҷомеа мавқеи сазовори худро пайдо намуд. Ҳанӯз дар айёми бисёр ҳассос – замоне, ки дар кишвари мо ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ идома дошт ва мардум интизори паёми сулҳ буданд, зарурати таъсис додани ҳизби сиёсие пеш омад, ки бояд фарогири назару андешаҳои гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа бошад. Моро зарур буд, ки мардумро дар меҳвари як мафкураи созанда муттаҳид намуда, ба мухолифату даргириҳои фоҷиабори сиёсӣ хотима бахшем. Дар фарҷоми вохӯрӣ оиди шомил шудан ба ташкилоти ҷамъиятии "Созандагони Ватан" ва ба ин васила ҷалби онҳоро ба фаъолияти волонтёрӣ тарғиб намуд.