БИЁЕД, БА ВОЛОНТЁРӢ МАШҒУЛ ШАВЕМ!

Левакант:  

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Хақии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант дар ҳамбастагӣ бо МИҲД дар доираи нақша- чорабиниҳо бахшида ба  28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  ва Рӯзи Волонтёрон санаи 5-декабр вохӯрӣ  байни донишҷӯёни ташкилоти ибтидоии “ЛКСК”-и шаҳри Левакант ташкил карда шуд. Дар вохӯрӣ Расулов Меҳтоҷалӣ-мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Левакант қайд намуд, ки волонтёрӣ, пеш аз ҳама, мояи ифтихору шарафи мо-ҷавонони саодатманд аст.  Волонтёрӣ мактаби бузурги таҷрибаомӯзӣ барои ҷавонон, ки сабақ аз зиндагӣ медиҳад. Мактабест, ки дарси некиву накӯкорӣ, хайру эҳсон, ёрӣ ба бечорагону бепарасторонро меомӯзад.