Мо дар марҳилае қарор дорем, ки имсол аъзои Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон ҷонибдории мо ва мардуми сарбаланди кишварамон бо рӯҳбаландӣ ва бо ифтихори ватандӯстона 28-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Мо ҳизбиён ҳамчун пешоҳанги ҷомеа бояд дарки баланди масъулият, номуси баланди ватандорию худшиносӣ барои амалӣ намудани ҳадафҳои барномавии ҳизб ва истиқболи сазовори ин ҷашн мардумро ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва бунёдкорӣ сафарбар намоем.
Бо шарофати заҳматҳои Президенти мамлакат сулҳу субот дар кишвар таҳким ёфта, баҳри фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ, таъмини суботи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми кишвар дар тамоми самтҳо ислоҳот идома дорад.
Дастовардҳои солҳои охири кишвар, ки дар маҷмӯъ аз ваҳдати милли ва муҳити солими сиёсӣ иборат мебошад, ҳамчун омилии асосии ризоияти ҷомеа ва нишонаи маърифату фарҳанги баланди сиёсӣ арзёбӣ мегардад. Сарвари давлат ба хотири беҳбуд бахшидани сатҳи иҷтимоии мардум ва барои ҳар як инсон фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодона тадбирҳои зиндагии арзанда ва инкишофи озодона тадбирҳои муассир меандешанд. Ҳизби мо дар ҷомеаи демократии кишвар бо татбиқи мақсадҳои худ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, инчунин ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва ободии мамлакат ҳидоят намудани мардум саҳми муносиб дорад. Ин аз он далолат мекунад, ки мақсаду мароми ҳизб ифодакунандаи мақсаду мароми мардум буда, баҳри ҳимояи манфиатҳои мардум пайваста кӯшиш менамоянд.
Имрӯз дар кишвари мо шароите ба миён ба миён омадааст, ки ҳар як шаҳрванди ин сарзамин метавонад дар ҳаёти сиёсӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ мавқеи хешро озодона муайян намояд.
Мо соҳиби давлати миллӣ ҳастем ва бо роҳи бунёд кардани низоми демокративу дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пеш меравем. Ҳар фарде, ки Ватани худро азиз медонад, бояд ҳамеша дар пайи корҳои созандагиву ободгарии он бошад.
Мо насли калонсол, ки аъзои ҳизби пешбарандаи ҷомеа мебошем, мехоҳем, ки фарзандони мо-ҷавонони имрӯза ва созандагони фардои Ватан аз анъанаҳои пурарзиши фарҳанги миллии тоҷикон огоҳ бошанд ва аз миллати қадимаву сарзамини аҷдодии худ ифтихор намоянд.
Ҳизби Ҳалқи Демократи Тоҷикистон чун ҳизбе, ки ҳақиқату адолатро маҳаки фаъолияташ қарор додааст, талош мекунад, ки дар зиндагии тоҷикистониён зимни ислоҳоти пайгиронаи низоми ҳифзи иҷтимоӣ боз ҳам беҳтару осудатар гардонида шавад.
Имрӯз ман фахр аз он менамоям, ки аъзои Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон мебошам. Ҳизбе, ки масъулияти калонро барои таъмини ояндаи ватану миллат, барои тақдири ҳамаи миллатҳои сокини Тоҷикистонро бар зиммаи хеш гирифтааст. Бо ин мақсадҳои нек мо якҷоя, даст ба дасти ҳам дода, дар роҳи пешрафту ободии Тоҷикистон қадамҳои устувор хоҳем гузошт ва барои созандагӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон кӯшиш хоҳем кард.
Алиев Зафар- мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ