БА МУНОСИБАТИ 28-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Ҷ.Балхӣ: Андеша  

10 декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи ташкилёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда, Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ каранд. Бо назардошти таҳаввулоту шаклгирии фазои сиёсии ҷаҳонӣ ва раванди омузиши таърихи ташаккули маънавиёти ҷомеа ба ин хулоса расидан мумкин аст, ки дар миёни ҳамаи сохторҳои мавҷудаи низоми давлатдорӣ танҳо ҳизби сиёсии пурқувват метавонад мафкураи ҷомеаро ба даст гирад, тарбия намояд, шакл диҳад ва истифодаи дурусти шохаҳои  ҳокимият ин тафаккурро бо роҳи давлатсозию милатсозӣ раҳнамоӣ  кунад.

Мо масъулони ҳизбӣ бояд дарк намоем, ки роҳбари давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз мо дар роҳи ватансозӣ умедҳои калон доранд.

Мо низ дар навбати худ дар назди халқу давлат масъуляти бузургро бар душ дорем. Бо назардошти ин, месазад, ки корро тавре ба роҳ монем, ки аз кормандони масъули ҳизб сар карда, то аъзои қаторӣ дар ҳамаи самту соҳаҳои фаъолияти худ намунаи аҳли ҷомеа бошем. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси ҳадафҳои барномавии худ ба роҳ монда, дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар беҳбудии  ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузоранд.

Пешвои миллат пайваста таъкид мекарданд, ки ҳадафу мақсадҳои ҳизби нав бояд аз моҳияти иҷтимоӣ доштаи давлати мо сарчашма гирад ва он бояд пеш аз ҳама, ниёзҳои иҷтимоии саросари аҳолии мамлакатро бароварда созад.

Аджикова Шоҳсанам- мутахассиси бахши омор ва маҳзани ягонаи элекронии КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ