БАРГУЗОРИИ ҲАФТАИ АДИБОН ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҲИЗБИИ "ТУПХОНА"

Балҷувон:  

Мардуми тоҷик аз давраҳои қадим то ба имрӯз ҳамчун миллати соҳибтамадуну бо фарҳанг шинохта шуда, таърих пайваста аз доштани нобиғаҳои замони хеш меболад.

Фарзандони соҳибмаърифату, донишмандони соҳибхиради мардуми тоҷик бо панду андарзҳои хеш насли ҷомеаро тарбият намуда, онҳро ба суй ояндаи дурахшон талқин месозанд.

Дар МТМУ №38 ноҳияи Балҷувон ҳафтаи адибон бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти Сайф Раҳимзоди Афардӣ баргузор гардид, ки дар ин ҷамъомади хотирмон намояндагони Шуъбаи маорифи ноҳия, омӯзгорони собиқадор, кадрҳои ҷавон иштирок намуданд, ки хонандагон бо як таёрии хуб доир ба зиндагиномаи ин шахсияти барҷаста маълумот доданд.