Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будан ва сиёсати пешгирифтаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ ва пайравӣ намудан ин худ як ифтихор аст. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон созанда ва бунёдкор аст, ки пайваста барои рушд ва пешрафти мамлакат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум талош менамояд. Ҳадафаш сулҳу субот, тинҷиву оромӣ ва муттаҳидии мардум буда, пайваста ҷомеаро ба сӯи зиндагиии шоиста раҳнамоӣ мекунад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун қисми таркибӣ ва муҳити низоми сиёсии ҷумҳурӣ, аз рӯзи нахустини вориди майдони сиёсӣ гаштанаш, тавасути сиёсати бунёдкорона ва татбиқи собитқадамонаи ҳадафҳои барномавии худ, бо такя ба масъулиятшиносию иқтидори зеҳнии аъзояш омили таҳкимбахши раванди созандагиву бунёдкории ҷомеаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардидааст.
Имрӯзҳо, ки вазъи сиёсии ҷаҳону минтақа ноором аст, бояд ҳар як узв ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳушёриву зиракиро аз даст надода, ҳамчун як неруи пешбари ҷомеа амал намуда, мардумро алалхусус ҷавононро ҳамеша ба ободониву созандагӣ ва ҳифзи дастовардҳои таърихи навини халқамон - Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдатӣ миллӣ раҳнамоӣ намояд. Бигзор ҳадафи созандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста мавриди амал қарор дошта, мардуми сарбаланди Тоҷикистони азиз рӯзгори ободу осуда дошта бошанд.
Мирзоқулов Ҷ., корманди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритус