ТУЛУИ ДУБОРАИ ХУРШЕД

Ёвон:  

Субҳи имрӯз дар ташкилоти ибтидоии "Маркази барқу гармидиҳии Ёвон ба ифтихори таъсисёбии Рӯзи ҲХДТ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ҷамъомад намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва роҳбарияти ташкилоти ибтидоии мазкур аз таърихи таъсисёбии ҲХДТ ва саҳми шоистаи Роҳбарияти Олии ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, қайд намуданд, ки ҲХДТ  яке аз ниҳодҳои созанда дар рӯзҳои сахти миллат ба сари кор омаду аз баракату мақдамаш нуру зиё ба кишвари мо омад. Маҳз бо талошҳои Роҳбарияти Олии ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз сулҳу субот дар кишвар ҳукмфармо мебошад. Дар идомаи вохӯрӣ ба якчанд нафар фаъолони ташкилот аз ҷониби кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ сипосномаҳо тақдим карда шуд.