МАРГУ НОБУДӢ АЗ ТЕРРОРИЗМ

А.Ҷомӣ: Вокуниш  
Терроризм ин падидаи номатлуб ва даҳшатовари ҷомеа ба ҳисоб рафта, маънои он ифротгароӣ, тундравӣ, марому мақсади тундравона доштан ва бо истифода аз эътиқоду боварии динии мардум истифода бурдан бисёртар ба анҷом расонида мешавад. Нафаре, ки фаъолияти тундравона ва амалҳои ифротгариро дастгирӣ ва пайравӣ менамояд, ҳамчун экстремист ба ҳисоб рафта, чунин нафарон метавонанд, ба хотири манфиати худ ба тамоми қишри ҷомеа хатари калон эҷод намоянд.
Маҳз зиёд гардидани чунин амалҳо дар бисёр давлатҳо, хусусан дар давлатҳои исломӣ боис гардид, ки давлатҳои пешрафта ва орому осуда пурра нобуд гардида, садҳо ҳазорҳо ҷони худро аз даст доданд.
Кӯшишу рағбати чунин ташкилотҳо асосан дар ду самт равона карда шудааст: Аввал ин ки вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ аз дохил ва дуюм, ҷалб намудани ҷавонон ба чунин ташкилотҳо тариқи шабакаҳо, аз масҷидҳо хусусан аз муҳоҷират, нест намудани ҷавонон ва барангехтани тарсу ноумедӣ, нобоварӣ, воҳима ва ба таҳлуқа овардани одамон мебошад, ки дар натиҷа нобовариро ба мақомоти давлатӣ зиёд намуда, паёмадҳои он ба ҳар давлат оқибати ногувореро ба бор меорад.
Имрӯзҳо хусусан дар муҳоҷират ба боварӣ ва боистифода аз эътиқоди динии ҷавонони тоҷик ҳазорҳоро чунин гурӯҳҳо ба доми худ кашида, онҳоро бо номи “ҶИҲОД” ва “ДАЪВАТ” ба амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ, ки бо номи ислом ва на ба манфиати халқи мусалмон аст, истифода мебаранд.
Дар ислом ягон амалӣ даҳшатафканӣ ва тундгароӣ қобили қабул набуда, маҳз чунин кирдорҳо ба хотири доғдор намудани дини ислом ва аз ҷониби шахсони ғайримусалмон таҳррезӣ карда мешаванд.
Ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ, ки бо номи “Ал Қоида”, “Боко Ҳарам”, “Дииш”, “ Ҳизб-ут таҳрир “, “Толибон” ва “Наҳзат” мақсадашон пайдо намудани нуфузу эътибори сиёсӣ ва ба даст овардани дилхоҳ ҳокимият мебошад, ба ислом рабте надоранд.
Падару модар, ки азизтарин ва наздиктарин шахс барои ҳар як инсон ба ҳисоб меравад, на ҳар як нафар метавонад ,фарзандашро ба дилхоҳ касб ва ё дилхоҳ мақсаде, ки хусусияти манфиатовар барои худи фарзанд дорад, равона созад, аммо имрӯз як фарди ҷиноятпеша бо истифода аз эътиқоду боварӣ метавонад, фарзанди мову Шуморо истифода бурда, ба ҳайати чунин гурӯҳҳо ҷалб созад.
Бинобар ин, ҳар як падару модарро зарур аст, ки ҳушёриву зиракиро аз даст надода, оиди ояндаи фарзанди худ бетараф набошанд.
Дар навбати худ фаъолони ҷомеа ва нафарони мутасаддиро лозим аст, ки корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиддӣ дар байни аҳолӣ хусусан бо падару модароне, ки мехоҳанд, фарзандонашон ба муҳоҷират раванд, ба роҳ монанд.
Агар имрӯз фарзанде ба доми чунин афродон ва чунин гурӯҳҳо мезанад, бояд омӯзгор, муррабӣ, волидайн, ҳар як шахси вобаста дар ин самт худро гунаҳгор донад. Зерро имрӯз чандин нафари ҷиноятпеша, ки мақсадашон қатлу куштор, гаравгон гирифтан, тарконидани масҷиду мактабу беморхонаҳост, дар шикори фарзандони мову Шумоянд!!!
Меҳроҷиддин Мерганов, муовини раиси Кумитаи иҷроият ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ