Дар бораи таърихи таъсисёбии Ҳизюи Халқии Демократии Тоҷикистон маълумот дода шуд

Ховалинг:  

Бо фаъолияти кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг оғоз аз моҳи декабри соли ҷорӣ дар ташкилоту муассиса ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суҳбату вохӯриҳо гузаронида мешавад. Санаи 5 декабри соли 2022 чунин вохӯрӣ бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Исфандиёр Сайнуриддинзода дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 гузаронида шуд. Қайд гардид, ки аввалҳои соли 1993 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идеяи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон (баъдтар Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ном гирифт) пешниҳод шуд ва 12 июни соли  1993 кумитаи тадорукоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон созмон ёфт.  !0 –уми декабри соли 1994 Анҷумани муассисони ҳизб дар бораи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор қабул намуда,  Оиннома ва Барномаи онро тасдиқ кард.  15 –уми декабри соли 1994 Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таҳти рақами 199 номнавис намуд 25 –уми июни соли 1997 Анҷумани сеюм номи Ҳизби Халқии  Тоҷикистонро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дод.18 –уми апрели соли 1998 дар Анҷумани чоруми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раис Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  интихоб кард. Дар вохӯрӣ ҳамчунин дар бораи фаъолияти ҲХДТ дар марҳилаи имрӯзаи ҳаёт         ва вазифаҳое, ки ба души аъзоёни ҳизб гузошта шудааст, маълумот дода шуд.