Вазифаҳое, ки аз қарорҳои маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ бармеояд

Ховалинг: Андеша  

Вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар марҳилаи нави рушди ҷомеа ва давлат, - омадааст дар қарори маҷлиси Кумитаи Иҷроияи  Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, - дар барномаҳои пешазинтихоботии он, қарорҳои анҷуманҳои сездаҳум ва чордаҳум, ки самтҳои муҳимтарини рушди мамлакатро то соли 2027 дар бар мегирад, мушаххас гардидаанд. Вобаста ба ҳамин Кумитаҳои шаҳрию ноҳиявӣ аз ҷумла,  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳам барои амалӣ гардидани самтҳои асосии барномаҳои пешазинтихоботии ҳизб аз ҷумла, татбиқи ҳадафҳои стратегӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон, некӯаҳволии халқ, рушди бемайлони ҷомеа, адолати иҷтимоӣ, таъмини волоияти қонун, амнияту оромӣ дар кишвар, тарғиби дастовардҳои Истиқлол, сиёсати хориҷии мамлакат, таблиғи равандҳои бунёдкорона ва созанда тадбирҳои аввалиндараҷа андешанд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ховалинг барои дар амал татбиқ намудани қарорҳои қабулнамудаи маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тартиб дода, аз рӯи он тамоми фаъолияти худро ба роҳ мемонад. Барои ноил шудан ба ин мақсад  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  корҳои таблиғотию ташвиқотиро    боз ҳам васе ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки талаботҳои ҳар банди қарорҳои қабулгардида, ки баҳри пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳбуд бахшидан ба сатҳу сифати зиндагии мардум, пойдории сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун дар кишвар нигаронида шудааст,    дар амал татбиқ карда шаванд.

  Исфандиёр Сайнуриддинзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.