ҲИЗБИ СОЗАНДА ВА БУНЁДКОР

А.Ҷомӣ: Андеша  
“Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизбе, ки ҳақиқату адолатро маҳаки фаъолияти худ қарор додааст, талош мекунад, ки дар заминаи дастёбӣ ба рушди устувори иқтисодии кишвар зиндагии мардум боз ҳам беҳтару осудатар гардонида шавад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
 
Ба як мамлакати ободу орому осуда табдил ёфтани Тоҷикистони азиз ифтихори тамоми тоҷикони рӯйи дунё аст.
Тамоюли мусаллаҳонаи ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурии мо нишон дод, ки халқи тоҷик чун гузаштагони хеш, ақлу иродаву шуҷоанмандии худро ба кор бурда, яке аз беҳтарини беҳтаринҳоро ба худ роҳбар ва пешбар интихоб намудааст.
Агар роҳбари тозаинтихоби тоҷикон рисолатӣ сарварии худро ба таври бояду шояд, аз ҳамон лаҳзаҳои душвори барои тоҷикон, оғоз намекард, имрӯз мо ба чунин музафариятҳо ва муваффақиятҳо намерасидем.
Маҳз ғаюриву далерии Президенти тозаинтихоби мо боис гардид, ки низоҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳо сари мизи музокирот бо гузашт намудани ҳамдигар ҳаллу фасл гардида, тоҷикон барои ваҳдату ободӣ ва пешрафту оромӣ аз як гиребон сар бароранд.
Маҳз дар марҳилаи созандагиву бунёдкорӣ ташкил намудани ҳизби сиёсӣ, таҳия ва пешниҳоди Барномаи он, ки танҳо манфиату ҳадафҳои тамоми қишри ҷомеаро дар мегирад, аз ҷониби ҳар як сокини мамлакат бо сарбаландӣ пазируфта шуда, инак 28-сол гомҳои устувор дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бо роҳбарии Роҳбари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис аз рӯзҳои нахуст дар қатори 8-ҳизби сиёсӣ пайдо намудани мақому манзалат ва нуфузу обрӯ маҳз аз ҷаҳду талош ва кӯшишҳои бесобиқаи Роҳбари муаззами ҳизбамон мебошад.
Имрӯз, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сифати ҳизби мардумӣ ва фаъолу пешоҳанг дар байни мардум обрӯ пайдо намудааст, маҳз аз татбиқи ормонҳои деринаи халқи Тоҷикистон мебошад.
Дар баробари пойдории сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, баробарҳуқуқии марду зан, дастгирии сиёсати ҷавонон, қадрнамоии заҳматҳои мардум, инчунин дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мардум саҳм гузоштан, аз ҳадафҳои созандаи ин ҳизб мебошад.
Бо итминони комил метавон гуфт, ки ҳама ҳадафҳои барномавии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки давра ба давра дар Барномаҳои худ ба нақша гирифта буд, дар амал татбиқ гардидаистода, дар оянда низ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Роҳбари оқилу хирадмандаш, пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти минбаъдаи кишвар нақши созгор бозида, барои ҳар фарди тоҷик рӯзгори беҳтару, зиндагии шоистаро муҳаё месозад.
Ҳизбиёни азиз! Ҳамасола 10-уми декабр ҳамчун рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҷлил мегардад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби созандаву бунёдкор ва ҳамқадами халқ аст. Бо дарки ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарҳи таъсиси ҳизберо роҳандозӣ кард, ки идеология ва кору пайкори он ба манфиати халқ ва ваҳдату суботи ҷомеа равона гардидааст.
10-уми декабр таҷлил намудани рузи таъсисёбии ҲХДТ барои якояки мардуми сарбаланди тоҷик ва хоса барои мо командон, аъзо ва тарафдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон басо рӯзи хотирмон ва фараҳбахш ба шумор меравад.
Бад ин муносибат мехостам тамоми халқи шарифи Тоҷикистон ва ба хусус аъзо ва тарафдорони ҲХДТ-ро аз самими қалб табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти рӯзмараашон комёбиҳои бардавом ва фатҳи қуллаҳои баландро орзумандам.
ҲХДТ ЭЪТИМОДБАХШИ ОЯНДАИ ОБОДУ ОСУДАИ ШУМО!
Назокат Қосимова, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ