ҚАДРДОНИИ АЪЗОЁНИ ФАЪОЛИ ҲИЗБӢ ДАР АРАФАИ 28 – СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ

Данғара:  

Санаи 05.12.2022, дар арафаи 28 – солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикстон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии Гимназияи ҷумҳуриявии ноҳияи Данғара чорабинии сиёсӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмуҳаммад Авғон иштирок ва суханронӣ намуда иброз доштанд, ки бо гузашти 28 сол ҲХДТ бо сарварии Раиси муаззами худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сӯйи созандагиву бунёдкорӣ қадамҳои устувор мезанад.  Дар охири чорабинӣ ба якқатор омӯзгороне, ки шогирдони онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва озмунҳои фаннӣ  сазоворӣ ҷойҳои намоён гардидаанд аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои пулӣ қадрдони карда шуданд.