Саёҳати волонтёрон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба мавзеҳои таърихии ноҳияи Данғара

Норак: Созандагони ватан  

Тибқи  нақша  чорабиниҳои  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  шаҳри  Норак  бахшида  28 солагии  таъсисёбии  ҲХДТ  ва  Рӯзи  байналмилалии  волонтёрон  саёҳати  волонтёрон  ва ТҶҶ “Созандагони  Ватан”  ба   мавзеҳои   таърихии   ноҳияи   Данғара   доир  гардид.

Дар  ин   саёҳат   волонтёрон  ва  ТҶҶ “Созандагони  Ватан”  бо раиси шаҳри Норак Асозода Дилшод акси хотирави гирифта ба мавзеҳои таърихии ноҳияи Данғара роҳсипор шуданд. Волонтёрон  ва ТҶҶ “Созандагони  Ватан” аз  осорхонаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  дидан  намуданд.  Инчунин  тамошои  дигар  мавзеҳои  таърихӣ   идома  дорад.