Баргузории ташаббуси "Рӯзи ёдоварӣ"

Дӯстӣ: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Бо мақсади тозаю озода нигоҳ доштани оромгоҳҳо ва обод намудани гирду атрофи онҳо, имрӯз бо ташаббусӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ Қурбонов Абдулҳафиз ва кормандони он дар деҳаи Деҳқонобод-и  Ҷамоати деҳоти Деҳқонбод ташаббуси ҳизбии "Рӯзи ёдоварӣ" баргузор карда шуд.

Дар ин иқдом зиёда аз 160 нафар аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ва сокинони деҳа ба ҳашар баромада гирду атроф ва дохили оромгоҳро аз алафҳои хушкида ва бегона тоза намуданд.